Шуур

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ақл)

Шуур (ар. شعور‎) — ҳуш, огоҳӣ, фаҳм, фикр; шакли олии инъикоси маънави-и воқеиятро гўянд, ки танҳо ба инсон хос аст. Он ба нутқ алоқаманд буда, шаклҳои ҳиссиёти идрок, хотира, тасаввур, тахайюл ва диққат мебошад ва ҳамчун тафаккурмаънӣ дар мафҳум, ҳукм, хулоса, фарзия, ҳадс, ғоя ифода мегардад.

Шуур, шакли олии инъикоси ҳақиқати воқеӣ ва мувофиқи мақсад танзим намудани муносибати одам ба муҳити зист. Қобилияти дарк намудани ҳастӣ дар ҷараёни фаъолияти амалии мақсаднок одамро аз ҳайвон фарқ мекунонад. Ин қобилият бидуни фаъолияти майнаи одам амалӣ намегардад. Вале шуур. танҳо вазифаи модарзодии майнаи одам нест. Фақат имконияти пайдоиши шуур, дар одам вобаста ба сохти муайяни системаи асаб (ниг. Фаъолияти олии асаб) модарзодист. Ин имконият фақат дар шароити ҳаёти ҷамъиятӣ амалӣ мегардад. Ин ҳукми фалсафиро амалия тасдиқ мекунад. Чунончи, бисёр ҳодисаҳое маълуманд, ки бачагони хурдсолро ҳайвонҳои ваҳшӣ дуздидаанду онҳо дар байни вуҳуш калон шуда, баъди чанд сол аз нав ба назди одамон баргаштаанд. Онҳо ҳайвонтабиат шуда буданд ва тамоми кӯшишҳои ба онҳо ёд додани сифатҳои инсонӣ натиҷае намедод, ҳарчанд ки аз ҷиҳати биологӣ аз одамони муқаррарӣ фарқе надоштанд ва сохти системаи асабашон мисли системаи асаби одамони дигар буд. Бинобар ин, шуур, маҳсули фаъолияти майна дар шароити ҳаёти ҷамъиятӣ аст. Меҳнат ва нутқ (забон) барои пайдоиши шуури одам, шарти асосӣ ҳисоб меёбад. Забон шакли моддии зуҳуроти шуур буда, чун воситаи алоқаи байни одамон пайдо шудааст. Тамоми сарвати илму фарҳанги инсонӣ бо забон инъикос меёбад. Одам тавассути нутқ (забон) дониш меандӯзад, аз сарвати маънавии гузаштагон баҳравар мегардад.

Шуур ба инсон имкон медиҳад, ки воқеиятро дуруст дарк намояд, ба он сарфаҳм равад, ояндаро пешбинӣ кунад ва дар ин асос бо фаъолияти амалӣ ба олам таъсир расонад.

Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]