Борис Бабочкин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бабочкин Борис Андреевич)
Борис Бабочкин
русӣ: Борис Андреевич Бабочкин
Таърихи таваллуд: 5 (18) январ 1904
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 17 июл 1975(1975-07-17) (71 сол)
Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ:
Касб: ҳунарпеша, коргардони филм, коргардони театр, омӯзгори театр, публисист, коргардон
Корнома: 19211975
Ҷоизаҳо:
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ
ордени Ленин ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Jubilee Medal "In Commemoration of the 100th Anniversary of the Birth of Vladimir Ilyich Lenin" Medal "For the Victory over Germany in the Great Patriotic War 1941–1945" Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945» Medal "In Commemoration of the 800th Anniversary of Moscow"
State Stalin Prize, 1st degree State Stalin Prize, 3rd degree Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС Ҳунарпешаи халқии ҶШФСР Ҷоизаи давлатии СССР Мукофоти сталинӣ
IMDb: ID 0045030
 Парвандаҳо дар Викианбор

Бабочкин Борис Андреевич (18.01.1904, Саратов — 20.07.1975, Маскав) — ҳунарпешаи театру кино ва коргардони шӯравӣ. Артисти халқии ИҶШС (1963), Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи студияи театрии «Ҳунарпешагони ҷавон»-и Маскав (1921, шогирди И. Н. Певсоф). Фаъолияти эҷодиаш аз соли 1921 дар Театри Иваново-Вознесенск оғоз шуд. Сипас дар театрҳои Могилёв, Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург), Маскав, Воронеж, Самара кор кард. Нақшҳои беҳтаринаш: Чатский («Дод аз дасти ақл»-и А. С. Грибоедов), Сохтаном («Борис Годунов»-и А. С. Пушкин), Огнёв («Ҷабҳа»-и А. Е. Корнейчук) ва ғ. Аз соли 1927 дар кино ҳунарнамоӣ кардааст («Исён», 1929; «Взводи якум», 1939). Нақши Чапаев аз кинофилми «Чапаев» (1934) ӯро машҳур гардонд. «Дача­нишинон»-и М. Горкий (1939, Театри Калони драмавии Ленинград) ва «Иванов»-и А. П. Чехов (1960, Театри Хурди Маскав) аз фаъолияти барҷастаи коргардонии ӯ мебошанд. Аз соли 1944 муаллим ва аз соли 1966 профессори Институти умумииттифоқии давлатии кинематография, саркоргардони Театри ба номи Пушкини шаҳри Маскав, аз соли. 1954 ҳунарпеша ва коргардони Театри Хурд буд. Дорандаи Мукофоти давлатии СССР (1941, 1951). Бо 3 ордени Ленин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Бабочкин Борис Андреевич // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]