Бадри Шервонӣ

Аз Википедиа

Бадри Шервонӣ дар Шӯш, ки аз тавобеи Шимохии Шеровн аст, ба дунё омадааст. Ҷараёни зиндагӣ ва фаоълияти эҷодии шоир асосан дар Шервон гузашта, ба Табрез ва Макка сафарҳо карда будааст.

Бадр шахси боилму фазл, бадеҳагӯ ва дар шеър тавоно буда, аз худ куллиёте боки гузоштааст, ки аз қасида, ғазал, қитъа, рубои тарҷеъбанд ва мустазод иборат аст.

Бадр шогирди Камоли Хуҷандӣ буд. Дар Шервон бо Котибӣ мулоқот ва баҳс карда будааст.

Бадр қариб 80 сол умр ёфта, соли 1450 дар Шервон вафот мекунад. Қабраш дар он ҷост.