Бандак (забоншиносӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Бандак — морфемаи ёридиҳанда, ки ба реша ё асос васл шуда, муносибати синтаксисии онро бо калимаҳои дигар барқарор менамояд. Бандакҳо ҳамчун воситаи алоқаи байни муайяншавандаю муайянкунанда, чун василаи алоқаи мувофиқати хабар бо мубтадои ҷумла, ҳамчун воситаи ифодаи шахсу шумора, соҳибият ва мафъул (пуркунандаи бевосита ва бавосита) шинохта мешаванд.

Таснифот[вироиш | вироиши манбаъ]

Бандакҳо ба гурӯҳҳои зерин ҷудо карда шудаанд: бандаки изофӣ, бандаки ҷонишинҳои шахсӣ-соҳибӣ, бандакҳои феълӣ ва бандакҳои хабарӣ.

Бандакҳои изофӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Бандаки изофӣ муҳимтарин воситаи алоқаи тобеъ дар ибора буда, дар охири калима меояд ва задаи калимагӣ қабул намекунад: осмони соф, хондани китоб, сеяки замин, сурхи баланд, ками беғам.

Бандакҷонишинҳои шахсӣ-соҳибӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Бандакҷонишинҳои шахсӣ-соҳибӣ бо исм, сифат, шумора, ҷонишин, феъл ҳамроҳ шуда, маънои грамматикӣ ва семантикӣ доранд, ба шахсу шумора, соҳибият ва мафъул (объекти бевосита ва бавосита) далолат менамоянд. Онҳо се шахс ва ду шумора доранд: ватанам (ватани ман), ватанамон (ватани мо), ватанатон (ватани шумо), ватанаш (ватани ӯ), ватанашон (ватани онҳо).

Бандакҳои феълӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ғайр аз ифодаи соҳибият ва нисбат доштан бандакҷонишинҳо бо феъл ва ҳиссаҳои дигар омада, пуркунандаи бевосита ва бавоситаро ифода мекунанд. Мас., дар ифодаи пуркунандаи бавосита: гӯямат — ба ту гӯям, маълумам шуд — ба ман маълум шуд. Дар ифодаи пуркунандаи бевосита:

Дар ҳаққи нону намак гар гуфт шеъри бенамак, Он намак, бешубҳа, кӯраш мекунад, Нони халқаш мезанад.
(Лоиқ Шералӣ).
Кӯраш мекунад — ӯро кӯр мекунад, нони халқаш мезанад — нони халқ ӯро мезанад.

Дар адабиёти забоншиносӣ баъзан чунин бандакҷонишинҳоро бандакҳои мафъулӣ ҳам ном бурдаанд. Бандакҳои феълӣ танҳо бо асоси замони ҳозира ва гузаштаи феъл ҳамроҳ шуда, шахсу шумораи феълро нишон медиҳанд ва ҳамчун воситаи алоқаи мувофиқати мубтадо ва хабар хидмат мекунанд: нависам, нависем; нависӣ, нависед: нависад, нависанд: навиштам, навиштем: навиштӣ, навиштед: навишт, навиштанд. Асоси замони гузаштаи феъл, азбаски ба шахси сеюми шумораи танҳо баробар аст, бандак қабул намекунад. Бандакҳои феълӣ бо феъли замони гузаштаи наздик, дур, ҳикоягӣ, замони ҳозира-оянда, феъли фармоиш, аорист ва ояндаи дур меоянд.

Бандакҳои хабарӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Бандакҳои хабарӣ аз ҷиҳати вазифаи грамматикӣ ба бандакҳои феълӣ монанданд. Чун бандакҳои феълӣ бандакҳои хабарӣ ҳам шахсу шумораро ифода мекунанд. Инчунин аз бандакҳои шахсии феъл аз се ҷиҳат тафовут доранд: 1) бо бандакҳои хабарӣ феълҳои нақлӣ, феъли замони ҳозираи муайян ва сифати феълии замони оянда тасриф мешаванд: хондаам, хонда будаам, хонда истода будаам, мехондаам, хонда истодаам, хонданиам (-ям); 2) хабарҳои номие, ки бандакҳои хабарӣ қабул кардаанд, метавонанд бе бандак ҳам истифода шаванд: Ман табибам; Ман — табиб; 3) бандакҳои хабарӣ бо феълҳои «ҳаст» ва «будан» иваз шуда метавонанд: Ман табиб ҳастам. Ман табиб будам.

Бо асосҳое, ки аз шаклҳои ғайритасрифии феъл ва ҳиссаҳои номии нутқ ифода ёфтаанд, васл шуда, алоқаи онҳоро бо мубтадои ҷумла барқарор менамоянд: Ман бофандаам. Ту бофандаӣ. Мо бофандаем. Шумо бофандаед. Ӯ бофанда аст. Онҳо бофандаанд.

Бандакҳои хабарӣ шаклан аз бандакҳои феълӣ дар шахси сеюми шумораи танҳо тафовут доранд. Шахси сеюми шумораи танҳои бандакҳои хабарӣ бандаки аст мебошад. Дар забони адабии муосири тоҷик се шахси шумораи ҷамъи бандакҳо бо феъл маънои танҳоро нишон дода метавонанд. Дар ин маврид дар шахси якум хоксорӣ ва фурӯтанӣ, дар шахси дуюм ва сеюм иззату эҳтиром ба эътибор гирифта мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ҳусейнов А., Шукурова К. Луғати терминҳои забоншиносӣ. Д., 1983;
  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. Ҷ 1. Д., 1985;
  • Ярцева С. А. Лингвистический словарь. М., 1990.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]