Евгения Леонтева Барсукова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Барсукова)
Евгения Леонтева Барсукова
Иттилооти асосӣ

Евгения Леонтева Барсукова (зод. 1910) — муҳандис-конструктор, узви Иттифоқи меъморони ИҶШС.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Миёнаи солҳои 30 садаи XX ба Душанбе омад. Аз рӯйи лоиҳаҳои Барсукова дар ш. Душанбе як қатор биноҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятӣ сохта шудаанд: бинои маъмурии ВКД дар майдони Ғалаба (ҳоло Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, 1952), мактаби миёнаи № 14 дар хиёбони Рӯдакӣ (1951), собиқ Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи Фирдавсӣ дар хиёбони Рӯдакӣ (1953), бинои Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ (1954—1957), бинои собиқ Вазорати хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон (1954), бинои истиқоматии 59-ҳуҷрадори собиқ Вазорати хоҷагии коммуналии ҷумҳурӣ бо мағозааш дар ошёнаи якум (дар хамгашти кӯчаи Айнӣ ва Дониш, 1957), китобхонаи тиббӣ дар хиёбони Рӯдакӣ (1962) ва ғайра.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]