Батометр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


Батометр

БАТОМЀТР (юн. bathos – умқ ва metron – андоза) — асбоби ҳидрологӣ барои аз умқҳои гуногуни баҳр, кӯл ва дигар обанборҳои табиӣ гирифтани намунаи об бо мақсади таҳқиқоти физикавию кимиёии об, моддаҳои органикӣ ва ноорганикии таркиби он.

Батометр инчунин барои андоза кардани ҳарор. оби қабати тадқиқшаванда истифода мешавад. Бо ёрии Батометр – тахиметр на фақат гирифтани намунаи об, балки муайян кардани суръати ҷараён (дар қабати матлуб) низ имконпазир аст. Батометрҳои ҳозиразамон хурд, ниҳоӣ, қаъриобӣ, таъйиноташон махсус ва ғ. мешаванд. Дар айни ҳол барои таҳқиқоти гуногун маҷмӯи таҷҳизоти телеметрӣ истифода мешаванд, ки бисёр хосиятҳои обро дар як вақт ба қайд мегиранд. Вале барои таҳқиқоти об дар шароити лабораторӣ намунаҳо фақат бо ёрии Батометр гирифта мешаванд.

Батометрҳо инчунин барои таҳқиқоти биологӣ истифода мешаванд. Аввалин расмҳои Батометр ба с. 1602 тааллуқ доранд.

Манбаъ[вироиш | вироиши манбаъ]