Бруно Бауэр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бауэр)
Бруно Бауэр
олмонӣ: Bruno Bauer
Таърихи таваллуд 6 сентябр 1809(1809-09-06)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 15 апрел 1882(1882-04-15)[1][2] (72 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ ҷавонҳегелиён[d]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
 Парвандаҳо дар Викианбор

Бру́но Ба́уэр (олмонӣ: Bruno Bauer, 6 сентябр 1809[1][2][3][…], Айзенберг[d]15 апрел 1882[1][2], Нойкёлн) — файласуфи олмонӣ, аз ҷавонҳегелиён.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Идеяи мутлақи Гегелро напазируфта, худшиносиро ба дараҷаи мутлақ бардошт; фаъолияти фикрии «ашхоси нақдбин»-ро қувваи ҳаракатдиҳандаи таърих мепиндошт. Дар баъзе ҳаҷвияҳояш Гегелро атеист ва инқилобгар қаламдод кард. Нисбат ба Штраус Инҷилро сахттар танқид намуд. Шахси таърихӣ будани Исои Масеҳро рад кард. К. Маркс ва Ф. Энгелс дар «Хонадони валиён» ва «Идеологияи олмонӣ» идеализми субъективӣ ва миллатпарастии Бауэрро танқид кардаанд. Баъди с. 1848 Бауэр ба майлони рост гузашт ва дар охири умраш тарафдори рейхканслери Олмон О. Бисмарк шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]