Баҳори афғонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Баҳори афғонӣ» (форсӣ: بهار افغانی‎) — тазкираест аз нигоштаи адиби афғон Абдулҳакими Рустоқӣ, ки соли 1932 дар Деҳлӣ ба табъ расидааст.

«Баҳори афғонӣ» бо номи «Сакинату-л-фузало» низ машҳур аст. Аз сарсухан, муқаддима, матни асосӣ, ки ба ду фасл тақсим шудааст ва хулоса иборат мебошад. Дар сарсухан муаллиф оид ба зиндагию осори худ ва сабаби таълифи тазкира маълумоти муфассал додааст. Дар муқаддимаи тазкира оид ба шаҳрҳои Афғонистон ва осори таърихию фарҳангии онҳо (бештар дар бораи ш. Кобул) сухан меравад. Дар фасли аввали «Баҳори афғонӣ» дар бораи 27 нафар шайх ва уламои машҳури гузаштаи форс-тоҷик ва афғон, ки дар ҳудуди Афғонистон зиндагӣ ва эҷод кардаанд, маълумот дода шудааст. Фасли дуюми «Баҳори афғонӣ» шарҳи ҳол ва тавсифи осори 65 шоирро дар бар мегирад. Дар охири тазкира феҳристи комили сарчашмаҳои адабие омадааст, ки муаллиф аз онҳо истифода кардааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]