Баҳс:Хуҷанд

Page contents not supported in other languages.
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

bachaho iltimos vaqte yagon chiz menavisen yo mekunen bomantiq boshad ki ruyamon surh nashavad onro dida. agar nametonen nakunen. iltimoss....

Аксҳои ашхоси ношинос[вироиши манбаъ]

Мӯҳтарам Шухрат Саъдиев, Фикр мекунам, аксҳои занон дар ин саҳифа ягон робитае ба мазмуни саҳифа надорад. Корбари гумноме, ки дар боло назари худро навиштааст, шояд ҳаминро дар назар дорад. Илова бар ин дар ягон мақолаҳои Википедиаҳои пешрафта дар бораи ин ё он шаҳри ҷаҳон, аксҳои алоҳида ашхоси ношинос илова нашудааст, ё не? --ibrahim (talk) 06:52، 5 январи 2014 (UTC)

Мӯҳтарам Корбар:Ibrahim. Бале дар мақолаҳои Википедиаҳои пешрафта дар бораи ин ё он шаҳри ҷаҳон, аксҳои алоҳида ашхоси ношинос илова нашудааст. Аммо, ҳар як шаҳр дорои аҳолӣ аст ва аксҳои алоҳидаи ашхоси ношинос ба хотири симои (имиджи) шаҳрвандон сабт шудааст. Ин як навигарӣ дар Википедияи мо шуданаш мумкин аст, илова аксҳои зиёде соҳиби саҳифае мешаванд. Ашхоси барҷаста бошанд - саҳифаи алоҳида доранд, кифоя аст. Биёед саросема нашуда ин навигариро дохил кунем.

Ман бо Шумо розӣ шуда наметавонам. Шахсан зидди аксҳои ғайри энсиклопедӣ ва ё аксҳои мардуми ношиноси зинда мебошам, чун худи шахс шояд зидди интишори аксҳояшон дар донишнома бошанд. Биёед бе навигарӣ аввал аз дигарон омузем, баъдан ба навоварӣ машғул шавем. Ташаккур! --ibrahim (talk) 07:43، 5 январи 2014 (UTC)

Зид нестам[вироиши манбаъ]

Ба ақидаатон зид нестам. Бигузор вилояту шаҳрҳоямон бе акси одамон бошанд. Тақлидкор мешавем.