Бензин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Бензини навъи А-80
Бензини навъи А-80

Бензин (олмонӣ: Benzin) — як навъ сӯзишворӣ; омехтаи карбогидридҳои сохташон гуногун. Моеи беранг, ҳарорати ҷӯшишаш 30-205°С, ҳарорати яхбандиаш — 60°С, зичиаш 700—780 кг/м³. Ҳангоми 74-123 г/см³ будани консентратсияи буғи бензин омехтаи тарканда ҳосил мешавад. Бензинро асосан дар натиҷаи тақтир ва коркарди нефт, гоҳо ҳангоми коркарди ангишт ва варақсанги сӯзанда, инчунин аз газҳои табиӣ ва якҷоя бо нафт ҳосил мекунанд.

Одатан, бензин дар намуди фраксияҳои зерин ба фурӯш мебарояд: 30-600 эфири петромӣ (пентан + гексан); 60-1250 бензини экстраксионӣ (гексан + гептон ва карбогидридҳои шоханок); 100—1400 лигроин; 130—1800 уайтспирт (баъзан дар таркибаш нафтен дорад).

Истифода[вироиш | вироиши манбаъ]

Охири садаи XIX бензинро асосан чун сӯзишворӣ барои при­мусҳо ва воситаи зидди уфунат (антисептикӣ) кор мефармуданд (он дар дорухонаҳо фурӯхта мешуд). Аз нафт бештар керосин гирифта, ҳама моддаҳои дигар, аз ҷумла бензинро месӯзонданд ё мепартофтанд. Баъди истеҳсоли муҳаррикҳои дарунсӯз бензин ба маҳсулоти асосии коркарди нафт табдил ёфт. Бензин чун сӯзишворӣ барои муҳаррикҳои карбюраторӣ ва инжекторӣ, ракетаҳо, истеҳсоли парафин ва ғайра истифода мешавад. Бензинеро, ки чун сӯзишворӣ истифода мебаранд, ба бензини худрав ва авиатсионӣ ҷудо мекунанд. Бензини худрав тобистона (апрел-сентябр истифода мебаранд) ва зимистона (октябр-март кор мефармоянд) мешавад. Дар бензини зимистона миқдори карбогидридҳои ҳарорати ҷӯшишашон паст бештар аст.
Хусусияти асосии бензин тобоварӣ ба детонатсия (дар муҳаррик муътадил сӯхтани он) мебошад. Хосияти мазкур аз рӯйи адади октанӣ муайян карда мешавад. Адади октанӣ ҳар қадар баланд бошад, бензин ба детонатсия ҳамон қадар тоб меорад. Адади октании бензини беҳтарини худрав бояд 35 ва бензини авиатсионӣ 100 бошад.

Навъҳои бензин[вироиш | вироиши манбаъ]

Бензини худрав[вироиш | вироиши манбаъ]

Бензинро аз рӯйи адади октанӣ ба навъҳо ҷудо мекунанд. Барои автомобилҳо бензини А-66, А-72, А-76, АИ-80, АИ-92, АИ-93, АИ-95, АИ-98 (ададҳо бо адади октанӣ мувофиқанд) ва барои авиатсия бензин-100/130, бензин-95/130, бензин-91/115 (сурат — адади октанӣ, махраҷ — навъи бензин) истеҳсол карда мешавад. Пайвастҳои сулфур, ки дар таркиби бензин вуҷуд доранд, боиси занг задани муҳаррик мешаванд. Бинобар ин, дар бензинҳои худрав миқдори сулфур бояд <0,15 %, дар бензинҳои авиатсионӣ <0,05 % бошад.

Бензин-ҳалкунандаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Омехтаҳои бензинии нафт ҳамчунин ба сифати ҳал­кунандаҳо дар истеҳсолоти сирешҳои резинӣ, локу ранг, чарми сунъӣ, тоза кардани равғани рустанӣ ва ғайра кор фармуда мешаванд.

Таъсир ба саломатии инсон[вироиш | вироиши манбаъ]

Таъсири бензин ба организм хавфнок аст. Буғи бензин ба организм ба воситаи шуш ворид мегардад. Миқдори буғи бензин дар ҳаво бояд аз 100 мг/м³ зиёд набошад. Ҳангоми заҳролудӣ дарди сар, хориши гулӯ, сулфа, сӯзиши чашм ва бинӣ ба амал меояд. Ёрии таъҷилии аввалин ва муолиҷа: ҳавои тоза, оксиген, доруҳои дил ва таскинбахш.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]