Беҳрӯз Хоҷазода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Беҳрӯз Хоҷазода
Беҳрӯз Хоҷазода, Қаҳрамони ҷаҳон дар кӯштии самбо (2017)
Беҳрӯз Хоҷазода, Қаҳрамони ҷаҳон дар кӯштии самбо (2017)
Иттилоъоти инфиродӣ
Ҷинс мард
Номи пурра Хоҷазода Беҳрӯзи Саъдулло
Кишвар  Тоҷикистон
Тахассус кӯштӣ, самбо
Зодрӯз 11 январ 1995(1995-01-11) (29 сол)
Зодгоҳ деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб, Тоҷикистон
Корномаи варзишӣ 2006 — то ҳол
Мураббӣ Садриддин Обидов
Қад 176 сантиметр
Вазн то 74 кг

Беҳрӯз Хоҷазода (Хоҷазода Беҳрӯзи Саъдулло; 11 январи 1995, деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб, Тоҷикистон) — кӯштигири тоҷик. Қаҳрамони ҷаҳон дар кӯштии самбо (2017)[1].

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Беҳрӯз Хоҷазода 11 январи соли 1995 дар деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб дар оилаи корманди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Саъдулло Саид ба дунё омадаааст.

Солҳои 2001—2002 дар мактаби миёнаи №3 ба номи Бобоҷон Ғафурови деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб таҳсил намудааст. Солҳои 2002—2011 таҳсилашро дар мактаби миёнаи №95 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва солҳои 2011—2012 дар шаҳри Туапсеи Федератсияи Русия идома додаст. Аз январи 2012 дар мактаби миёнаи №3 деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб таҳсил намуда, онро хатм кардааст.

Баъди хатми мактаби миёна ҳамон сол ба факултети омодагии дифои ҳарбӣ ва варзиши Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов дохил шуда, айни ҳол донишҷӯи курсии 5-уми факултаи мазкур мебошад.

Фаъолияти варзишӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз 11-солагӣ ба варзиш, аз ҷумла тамрини кӯштии тарзи самбо, ҷуду ва миллии тоҷикӣ ва бразилии «ҷиу-ҷитсу» машғул шудааст[2]. Мураббиаш Садриддин Обидов.

Аз намудҳои куштии ҷуду ва миллии «куштигирӣ» Устоди варзиши Ҷумҳурин Тоҷикистон ва аз рӯи намуди куштии самбо Устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ мебошад.

Чемпиони чандинкаратаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи намудҳои куштӣҳои самбо, ҷуду ва миллии тоҷикӣ ва бразилии «ҷиу-ҷитсу» мебошад.

Дар тими мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи намудҳои куштӣҳои самбо, ҷуду, кураш ва миллии тоҷикӣ таҳти роҳбарии сармураббии тим — Носир Бозоров тамрин менамояд.

Дастовардҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввалин дастоварди байналмилалиашро моҳи майи соли 2013 дар чемпионати Осиё дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Корея ба даст оварда, ба медали биринҷӣ сарфароз гардидааст. Соли 2014 дар чемпионати Осиё дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯи куштии самбои размӣ ба медали биринҷӣ сарфароз гардидааст. 

Солҳои 2016—2017 дар чорабиниҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷашни «Наврӯзи баиналмилалӣ», «25 солагии Истиклолияти давлатни Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҷоми Пойтахт» чор маротиба ҷойҳои якум ва шоҳҷоизаҳоро ба даст овардааст.

Моҳи июли соли 2017 дар Чемпионати Осиё дар шаҳри Тошканд дар вазни 68 кг сазовори ҷои аввал гардид.

Моҳи сентябри соли 2017 дар Бозиҳои 5-уми Осиёӣ дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон дар вазни 74 кг дар куштии самбо сазовори ҷои аввал гардидааст.

11 ноябри соли 2017 дар мусобиқоти қаҳрамонии самбои ҷаҳон шаҳри Сочии Русия дар вазни зери 74 кило дар қувваозмоии ниҳоӣ бар паҳлавони Беларус Степан Попов пирӯз омада ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфт ва бо медали тило сарфароз шуд[3].

Варзишгари соли 2017[вироиш | вироиши манбаъ]

Беҳрӯз Хоҷазода дар рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2017, ки онро Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) аз рӯи натиҷагирии пурсиши хабарнигорон тартиб додааст, дар ҷойи аввал мебошад[4].

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]