Биоҷуғрофия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Биогеография)

Биоҷуғрофия (аз био... ва география) — илм дар бораи паҳн ва тақсим шудани биосенозҳои гуногун, инчунин рустанӣ, ҳайвонот, микроорганизмҳо (намуд, авлод ва дигар гурӯҳҳои таксономӣ) дар рӯйи Замин.

Биоҷуғрофия аз бахшҳои зерин иборат аст: ҷуғрофиёи организмҳо (микроорганизмҳо, рустаниҳо, ҳайвонот) ва ҷуғрофиёи набототу ҳайвонот (микробиосенозҳо, фитосенозҳо, зоосенозҳо, биосенозҳо). Биоҷуғрофия чанд равия дорад: ареалӣ, флоравӣ, фаунавӣ, минтақавӣ, экологӣ, таърихӣ ва ғ. Дар таҳқиқотҳои биогеографӣ аз усулҳои муқоисавӣ-ҷуғрофиёӣ, экологӣ, миқдорӣ, таърихӣ ва картографӣ истифода мебаранд. Биоҷуғрофия дар радифи илмҳои биосферӣ мебошад. Биоҷуғрофия бо биосенология, экология, биогеосенология алоқаи зич дорад. Биоҷуғрофия асоси назариявии истифодаи оқилонаи захираи набототу ҳайвонот мебошад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]