Jump to content

Бисотии Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бисотии Самаркандӣ)
Бисотии Самарқандӣ
Сироҷуддин Бисотии Самарқандӣ
Тахаллусҳо: «Ҳасирӣ», «Бисотӣ»
Таърихи таваллуд: 1326(1326)
Зодгоҳ: Са­марқанд
Таърихи даргузашт: 1397(1397)
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Жанр: ғазал
Забони осор: забони форсӣ

Сироҷуддин Бисотии Са­марқандӣ (форсӣ: بساطئ سمرقندی‎; зод. 1326, Самарқанд) —шоири форс-тоҷик, шогирди Хоҷа Абдулмалики Самарқандӣ

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мавлоно Сироҷиддин Бисотӣ дар даврони салтанати султон Халил бинни Амироншоҳи Гургонӣ дар Самарқанд зуҳур кард ва чун дар оғози кор пешаи ҳасирбофӣ (бурёбофӣ) дошт, Ҳасирӣ тахаллус мекард, лекин ба ишораи Хоҷа Исмати Бухорӣ он тахаллусро ба «Бисотӣ» мубаддал сохт. Бисотӣ дар хидмати Халил Султон таҷарруби бисёр дошт чунон, ки шабе ба хотири матлаъе аз як ғазал ҳазор динор ба ӯ бахшид.

Пас аз касби камол ва таҳсили улум ба ҳасирбофӣ (бурёбофӣ) машғул шудааст ва бо тахаллуси «Ҳасирӣ» шеър мегуфт. Дар шеър худро шогирди Исмати Бухороӣ ва Хоҷа Абдулмалики Самарқандӣ — мутахаллис ба «Усомӣ» медонист. Бо исрори Исмати Бухороӣ тахаллуси «Бисотӣ»-ро институтихоб кард. Дар маҷлисҳои ҳукмронони давраш шеър мегуфт ва аз ҳадяву инъоми онҳо касби маош мекард. Барои ғазале бо матлаъи

Дил шишаву чашмони ту ҳар гӯша барандаш,
Мастанд, мабодо, ки ба шӯхӣ шиканандаш.

ҳазор динор ҳадя гирифт ва дар байни аҳли адаб шуҳ­ратёр гардид. Бо шоирон Хаёлии Бухороӣ, Бурундуқи Бухороӣ, Рустами Хуриёнӣ, Тоҳири Абевардӣ, Камоли Хуҷандӣ ҳамаср буда, ба баъзе шеърҳояшон ҷавоб мегуфтааст. Чунонки дар тазкираҳо (Масалан «Тазкират-уш-шуа­ро»-и Давлатшоҳи Самарқандӣ) омадааст, Бисотии Самарқандӣ сабки Камоли Хуҷандиро намеписандидааст. Барои ин гӯё Камоли Хуҷандӣ ӯро дуои бад кард ва ҳамин дуо боиси марги Бисотии Самарқандӣ шудааст. Вафоташ дар 88 солагӣ соли 814 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри Рай иттифоқ афтодааст.

Мероси адабӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Нусхаи хаттии девони қасоиду ғазалиёт, муқтаот, рубоиёт ва муаммоиёти ӯ дар китобхонаи миллии Париж ҳамроҳи девони Хаёлӣ мавҷуд аст. Аз Бисотии Самарқандӣ девони ашъор дар ҳудуди 792 байт боқӣ мондааст, ки як нусхааш дар Китобхонаи миллии Париж ва нусхаи дигараш дар китобхонаи Осафия маҳфузанд. Бисотии Самарқандӣ дар анвои шеъри адабиёти классикии форс-тоҷик — ғазал, қасида, рубоӣ, қитъа ва ғ. шеърҳо эҷод кардааст. Мавзӯи ашъораш асосан ишқ мебошад. Дар баробари санъатҳои бадеии маъмули шеъри форс-тоҷик Бисотии Самарқандӣ бештар ба тал­меҳ таваҷҷуҳ доштааст.

Намунаи ашъор

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дарде, ки дилам дид, зи ҳаҷри ту кӣ дидаст?
В-онҳо, ки зи зулфи ту кашидам, кӣ кашидаст?
Дурҳо, ки ман аз ҳаҷри ту аз дида фишондам,
Як-як ҳама донам, ки ба гӯши ту расидаст.
Бе туҳмати ашкам нагузорад нафасе оҳ,
Ин дидаи тардомани ман боз чӣ дидаст?
Чандин зи чӣ хун рехт, манаш ҳеч надонам,
Гар лаб зи пайи рехтани хун нагазидаст.
Дар шашдари ғурбат чу Бисотӣ чӣ ниҳам дил?
Якбора кас аз ҳубби ватан муҳра начидаст.

  • Суханварони Сайқали рӯи замин. — Д., 1973;
  • Давлатшоҳи Самарқандӣ. Тазкират-уш-шуаро. — Д., 1999;
  • Забеҳуллоҳ Сафо. Таърихи адабиёт дар Эрон. — ҷ.4. — Теҳрон,1371, с.452;
  • حکیماسماعیل. معرفئچندنسخۀخطیازدیوانبساطئسمرقندی. درکتاب «یادگارنامۀحبیبیغمای». تهران،۱۳۵۶هـ. ش؛;
  • علیشیرنوایی. مجالسالنفائس. تهران،۱۳۶۳هـ. ش؛;
  • دانشنامۀجهاناسلام. ج۳. تهران،۱۳۷۸هـ. ش;