Бист боб дар маърифтти устурлєб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


«БИСТ БОБ ДАР МАЪРИФТТИ УСТУРЛЄБ», рисолаи Хоҷа Насируддини Тусӣ (1201–74) ба забони форсӣ дар бораи сохти устурлоб.

Ин рисола бо номҳои ихтисории «Бист боб» ва «Бист боб дар устурлоб» низ ёд мешавад. Рисолаҳои гуногун бо ҳамин ном мавҷуданд, вале рисолаи Тусӣ аз ҳамаи онҳо машҳур аст. Ин шуҳрат то он дараҷа будааст, ки дар ҳошияи дигар рисолаҳои ҳамном ёдоварӣ мешудааст, ки рисолаи Тусӣ нест. Соли таълифи рисола маълум нест. Рисола аз 20 боб иборат аст: «Дар алқоби олот ва хутут ва давоири устурлоб», «Дар маърифати иртифоъ гирифтан аз Офтоб ва ситора», «Дар маърифати толеъ аз иртифоъ», «Дар маърифати иртифоъ аз толеъ», «Дар маърифати доир ва сооти муставия ва муавиҷа ва аҷзои соот», «Дар маърифати майли Офтоб ва ғояти иртифоъи ӯ ва буъди кавкаб аз муаддилуннаҳор ва иртифоъаш», «Дар маърифати матолеи буруҷ ба хатти истиво ва балад ва дараҷоти мамар ва тулӯъ ва ғуруб ва таъдилуннаҳор», «Дар маърифати хонаҳои дувоздаҳгона», «Дар маърифати сооти субҳ ва шафақ», «Дар маърифати залл аз иртифоъ ва иртифоъ аз залл», «Дар маърифати толеи соли мустақбал аз толеи соли мозӣ», «Дар маърифати арзи балад ва таҳқиқи он», «Дар маърифати толеи вақт дар шаҳре, ки онро сафиҳа набошад», «Дар маърифати иртифои қутби фалакулбуруҷ», «Дар маърифати самт аз иртифоъ ва иртифоъ аз самт», «Дар маърифати тақвими Офтоб», «Дар маърифати болои ашхоси муртафеъ аз замин ва паҳнои рӯдҳо», «Дар маърифати амал кардан ба сафиҳаи офоқӣ», «Дар маърифати ростӣ ва каҷии устурлоб», «Дар маърифати ситораҳое чанд, ки бар устурлобҳо нақш кунанд».

Нусхаҳои бисёри Бист боб маърифатти устурлеб дар китобхонаҳои ҷаҳон мавҷуданд. Аз Бист боб маърифатти устурлеб мунтахабҳое бо номҳои «Гузидаи бист боб» ва «Фасл дар устурлоб» мавҷуд буда, олимон шарҳу ҳошияҳо навиштаанд. Ин рисоларо шахси номаълуме соли 1104 ҳ. дар Исфаҳон ба назм кашидааст. Дар Ганҷинаи дастхатҳои шарқии Институтизабон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон дастхатҳои «Мухтасари «Бист боб дар маърифати устурлоб» (№471/II), «Шарҳи «Бист боб дар маърифати устурлоб» (№ 362, 471/I), «Шарҳи мухтасари «Бист боб» (№382) мавҷуданд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Матвиевская Г. П., Розенфельд Б. А. Математики и астро­номы мусульманского средневековья и их труды (VIII–XVII вв.). М., 1983;

دانشنامۀ جهان اسلام. ج۵.تهران،۱۳۷۸
  • М. Холов.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]