Бит

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
д·б·в
Андозаҳои байтҳо
SI prefixes Binary prefixes
Рамз
(Ном)
Стандарти
Истифода
Истифодани
ананавӣ
Рамз
(Ном)
Қиммат
kB (килобайт) 10001=103 10241 KiB (кибибайт) 210
MB (мегабайт) 10002=106 10242 MiB (мебибайт) 220
GB (гигабайт) 10003=109 10243 GiB (гибибайт) 230
TB (терабайт) 10004=1012 10244 TiB (тебибайт) 240
PB (петабайт) 10005=1015 10245 PiB (пебибайт) 250
EB (эксабайт) 10006=1018 10246 EiB (эксибайт) 260
ZB (зеттабайт) 10007=1021 10247 ZiB (зебибайт) 270
YB (йоттабайт) 10008=1024 10248 YiB (йобибайт) 280

БИТ (аз англ. bit (binarydigit) – аломат, рақам, яке аз маъмултарин воҳиди ченкунии миқдори ахбор, ки ҳангоми воқеӣ гардидани яке аз ду ҳодисаи баробарэҳтимол пайдо мешавад. Битро с.1948 олими амрикоӣ К. Шеннон барои ифода намудани воҳиди ахбории хурдтарин пешниҳод кардааст. Бит воҳиди бунёдии андозакунии миқдори ахборест, ки ба миқдори ахбори дар таҷриба мавҷудаи ду натиҷаи баробарэҳтимол баробар аст. Яъне миқдори ахборест, ки фақат ҷавоби «ҳа» ё «не», 1/0, баста ё кушодаро дорад. Ба ибораи дигар миқдори ахборест, ки ба саволи гузошташуда ҷавоби якмаъно медиҳад. Бит воҳиди дуии ахбор мебошад. Дар электроника ба як разряди дуӣ як триггери дуӣ мувофиқат мекунад, ки ду ҳолати собит дорад. Дар техникаи ҳисоббарор ва шабакаҳои институтиқоли маълумот, одатан, қиматҳои 0 ва 1 бо қиматҳои гуногуни шиддат ё ҷараён институтиқол дода мешавад. Масалан дар микросхемаҳои асосашон ТТЛ рақами 0 чун шиддат дар фосилаи +0 то + 0,8В, рақами 1 дар фосилаи аз +2,4 то +5,0 В ифода меёбанд. Дар техникаи ҳисоббарор, бахусус дар ҳуҷҷатҳо ва стандартҳо, калимаи «бит» аксар ба маънои «разряди дуӣ» истифода мешавад (Масалан Бити калон разряди дуии бузурги байт ё калимае мебошад, ки сухан дар бораи он меравад).

Манбаъ[вироиш]

Энсиклопедияи миллии тоҷик, ҷилди 2