Ҷон Майкл Бишоп

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Бишоп)
Ҷон Майкл Бишоп
Таърихи таваллуд 22 феврал 1936(1936-02-22)[1][2][3][…] (88 сол)
Зодгоҳ
Кишвар
Фазои илмӣ Вирусҳо, Иммунология[5], микробиология[5] ва вирусшиносӣ[5]
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: докторӣ[d][7] ва доктори фалсафа[d][8]
Алма-матер
Роҳбари илмӣ Gebhard Koch[d][6]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҷон Майкл Бишоп (англ. John Michael Bishop; тав. 22 феврали 1936, Йорк, Пенсилвания, ИМА) — иммунолог ва микробиологи амрикоӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишгоҳи Ҳарвард. Баъди хатми до­нишгоҳи мазкур ду сол духтури Госпитали умумии Массачусет буд. Баъдан дар докторантураи Институтимиллии тандурустии Бетезд таҳсил карда, оид ба репликатсияи полиовирус пажӯҳиш анҷом додааст. Феълан дар Донишгоҳи Калифорния кор мекунад. Яке аз ҷанбаҳои таҳқиқоти Бишоп вирусҳои омософар мебошанд. Ӯ муқаррар кард, ки геноми ҳуҷайраҳои солим аз генҳо иборат буда, онҳо дар сурати таъсири моддаҳои саратонофар боиси рушду инкишофи беназорати ҳуҷай­раҳо мегарданд. Аз ин метавон ба хулоса омад, ки омоси саратонӣ бидуни иштироки вирусҳои омософар низ инкишоф меёфтааст. Бишоп соли 1989 барои кашфиёти мазкур ҳамроҳи Х. Вармус сазовори Мукофоти нобелӣ гардид.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]