Блефароспазм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Блефароспазм
ИхтисосАсабшиносӣ Edit this on Wikidata
Блефароспазм
МКБ-10 G24.524.5
МКБ-9 333.81333.81
OMIM 606798
DiseasesDB 15748
MedlinePlus 000756
eMedicine oph/202 
MeSH D001764

Блефароспа́зм (аз юн.-қад. βλέφαρον — пилк ва σπασμός — спазм) — қабз, ташаннуҷ) — ташаннуҷи мушакҳои даврагии пилки чашм.

Блефароспазм тонусӣ ва клонусӣ мешавад. Блефароспазми тонусӣ бинобар ташаннуҷи мушакҳои даврагии чашм ба таври устувор пӯшида шудани пилк аст; ба тариқи рефлексӣ ҳангоми бемориҳои чашм, иллати асаби рухсора, амрози рӯҳӣ ва ғ. ба вуҷуд меояд. Он мумкин аст дар натиҷаи ба мултаҳимаи пилки боло ё қарния афтодани ҷисми бегона низ пайдо шавад. Блефароспазми клонусӣ кам ба мушоҳида мерасад. Сабаби пайдоиши он ғайриихтиёр ва тезтез мижа задан аст. Блефароспазми клонусӣ яке аз тарзҳои мушакпарӣ (тик) мебошад. Бо мақсади муолиҷаи Блефароспазм сабаби онро бартараф сохтан лозим аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]