Бобоҷон Ғафуров
| Бобоҷон Ғафуров Бобоҷон Ғафуров |
|
|---|---|
| Зодрӯз | 31 декабри соли 1909 Исфисор, ҳоло ш. Ғафурови вилояти Суғд |
| Даргузашт | 12 июли соли 1977 |
| Вазифа | олим (муаррих), академик ва ходими давлатӣ. |
Бобоҷон Ғафуров(31 декабри соли 1909 - 12 июли соли 1977)(ба хатти ниёгон باباجان غفورف, ба забони русӣ Бабаджан Гафуров, ба забони инглисӣ Babajan Ghafurov) - Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, доктори илми таърих, профессор, узви пайвастаи АИ Тоҷикистон (1951), узви пайвастаи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ (1968), Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1967).
Мундариҷа |
Ҳолнома[вироиш]
Бобоҷон Ғафуров дар рустои Исфисор, ҳоло ш. Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омад. Дар ташаккули ӯ, чун инсони комилу хоксор, ватандӯст, олими нуктасанҷ оилаи меҳнатдӱст ва хусусан модари маърифатпарвари ӯ шоира Розия Озод таъсири мусбӣ расонидааст. Давраи ҷавонии ӯ дар вазъияте мегузашт, ки ҷараёни сиёсӣ-иртиҷоии туркпарастон (пантуркистҳо) вуҷуд доштани халқи тоҷикро инкор карда, Осиёи Миёнаро ба империяи «Туркияи бузург» пайваст карданӣ буданд. Фаъолияти илмӣ-эҷодии Б. Ғафуров дар шароите оғоз гардид, ки дар афкори ҷамъиятӣ бояд исбот мешуд, ки халқи тоҷик бо меҳнати шоёнаш дар тамаддун аз давраҳои қадим маълум ва машҳур аст.
Бобоҷон Ғафуров cолҳои 1928-1930 шунавандаи курсҳои олии ҳуқуқшиносии ш. Самарқанд, 1930-1934 Комисариати халқии адлияи ҷумҳурї, рӯзномаи «Қизил Тожикистон». Солҳои 1935-1938 ҷонишини муҳаррир, муҳаррири «Қизил Тожикистон». Солҳои 1938-1941 аспиранти институти таърихи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ, 1941-1944 котиби КМ ҲК (б) Тоҷикистон оид ба пропаганда ва агитатcия (ташвиқ ва тарғиб), Аз 1944 то 1946 вай дар вазифаи дабири дуввум ва аз соли 1946 то 24 майи соли 1956 дар вазифаи нахустин дабири Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон буд. Аз соли 1956 то поёни зиндагиаш Б. Ғафуров вазифаи мудири Муассисаи Пажуҳишҳои Шарқшиносии (Фарҳангистони Улуми Иттиҳоди Шӯравӣ) ва муҳаррири маҷаллаи "Осиё ва Африка" - ро бар ӯҳда дошт. Бо сарварии Б. Ғафуров Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1948), Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951) ташкил дода шуд.
Ташаккули олим[вироиш]
Ҳанӯз дар солҳои 30-юми асри XX, ӯ ба омӯхтани таърихи халқи тоҷик шурӯъ намуда, соли 1941 дар мавзўи «Таърихи тариқати исмоилия аз ибтидои асри XIX то ҷанги якуми ҷаҳон» рисолаи номзадӣ дар соли 1941 ва 25 феврали соли 1952 рисолаи докториро дар мавзўи «Таърихи халқи тоҷик» аз Муассисаи Таърихи Фарҳангистони Улуми Иттиҳоди Шӯравӣ ([[АИ Иттиҳоди Шӯравӣ, Москва) ба даст овард.
Эъҷодиёт[вироиш]
Бо кумаки амалии ӯ гурӯҳи муаллифон бори аввал таърихи халқи тоҷикро дар се ҷилду панҷ китоб навишта, солҳои 1963-1965 дар нашриёти «Наука»-и Москва чоп намуданд. Академик Б. Ғафуров муаллифи қариб 400 асару мақолаҳо оид ба таърихи халқи тоҷик ва таърихи умумиҷаҳонӣ мебошад, ки дар нашрияҳои гуногуни дунё чоп шудаанд.Асарҳои ӯ бо забонҳои гуногун дар Деҳлӣ, Берлин, Рим, Теҳрон, Пекин, Афина, Кобул, Париж, Қарочи, Варшава ва ғ. бо теъдоди зиёд ба табъ расидаанд. Бо ташаббус ва зери таҳрири ӯ танҳо бо забони англисӣ қариб 30 асар дар мавзўъҳои муҳими таърихи мамлакатҳои Шарқ нашр гардидаанд. Профессор, мактаби калон ва эътирофшудаи шарқшиносиро асос гузошт. Дар байни осори вай китобҳои бисёрҷилдаи чун "Таърихи халқи тоҷик" ва "Тоҷикон" ҷо мегиранд, ки ба тоҷикӣ ва русӣ мунташир шудаанд. Аллома Б. Ғафуров барои навиштани шоҳасари худ "Тоҷикон" миқдори зиёда аз 2000 сарчашмаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, монография, брошюра ва мақолаҳои илмиро самаранок истифода кардааст. Ин китоб дар баробари Шоҳномаи А. Фирдавсӣ, «Таърихи Бухоро»-и Абӯбакри Наршахӣ, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк чун шиносномаи халқи тоҷик барои асрҳои оянда хизмат менамояд.
Ба туфайли фаъолияти илмӣ-ҷамъиятии ӯ дар байни ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шўравӣ ва хусусан мамлакатҳои Шарқ, муносибатҳои муътадили тиҷоратии –фарҳангї ба амал омаданд. Академик Б. Ғафуров ягона олими тоҷик буд, ки ӯро чун сиёсатмадори варзида дар миқёси ҷаҳон, хусусан дар Шарқ, хуб мешинохтанд. Шоири машҳури Покистон Файз Аҳмад Файз соли 1978 кабри Б. Ғафуровро зиёрат карда чунин гуфта буд: «Ин фарзанди бузурги тоҷик дар асл фарзанди бузургтарини Машриқзамин мебошад». Ҳамин тавр, натиҷаи асосии заҳматҳои бисёрсолаи академик Б. Ғафуров дар соҳаи илм дар он аст, ки ӯ исбот намуд, ки халқи тоҷик қадимтарин халқи Осиёи Миёна ва ориёӣ мебошад. , марди оқилу хирад дар ташаккули худшиносии миллии халқаш саҳми худро гузошт. Таҷрибаи таърихии халқи тоҷик, ки устод Бобоҷон Ғафуров онро дар асарҳои худ объективона таҳлил ва ҷамъбаст намудааст, дар сурати моҳирона истифода шуданаш метавонад Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар қарни XXI ба сафи давлатҳои пешрафти ҷаҳон ворид созад.
Ба шарофати некдошти фарзанди баруманди миллат, олими шинохта, донишманди бузург устод Бобоҷон Ғафуров дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шаҳраки Ғафуров ва Ноҳияи Ғафуров(ки қаблан ба номи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мазкур буд) дар Вилояти Суғд номи ӯро доранд. Соли 1997 Бобоҷон Ғафуров бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз шудааст. Якчанд нимпайкараву (назди АИ Тоҷикистон ш. Душанбе ва диг.) хиёбонҳои шаҳру рустоҳо ба номи ӯ сохтаву гузошта шудаанд.
Осор[вироиш]
- История секты исмоилитов. - М., 1941;
- Таърихи мухтасари халқи тоҷик. - Сталинобод, 1947;
- История таджикского народа в кратком изложении, т 1. С древнейших времён до Великой Октябрской социалистической революции 1917г.. - М., 1949, 1952, 1955;
- Исторические связи Средней Азии со странами Арабского Востока. - М., 1963;
- Особенности культурной революции в советской Средней Азии. - М., 1963;
- Кушанская эпоха и мировая цивилизация. - М., 1968;
- Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история, М., 1972;
- Тоҷикон. Таърихи қадимтарин ва асри миёна. Китоби 1. - Душанбе, 1973; Китоби 2,Душанбе, 1985;
- Тоҷикон. қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1,2. -Душанбе,, 1998;
- Тоҷикон. қадимтарин, қадим, асри миёна ва давраи нав. Китоби 1,2. - Душанбе,, 2008 ва ғ.
Адабиёт доир ба Б. Ғафуров[вироиш]
- Бободжан Гафурович Гафуров (Материалы к библиографии ученых Таджикистана). - Душанбе, 1969;
- Шаши Бушан. Академик Бободжан Гафуров. - Нью-Дели, 1979 (на англ.яз.);
- Мухтаров А., Шарипов Ш. Академик Бободжан Гафуров. - Душанбе, 1983;
- Турсунов А. Қирони Саъд. - Душанбе, 1986;
- Мухтаров А., Шарипов Ш. Академик Гафуров Бободжан Гафурович. - Душанбе, 1989;
- Ғаффоров У. Равшангари таърих. - Душанбе, 1990;
- Мухторов А. Бобоҷон Ғафуров. - Душанбе, 1992;
- Ғаффоров У. Бобоҷон Ғафуров – фарзанди фарзонаи миллат - Хуҷанд, 1996;
- Ғаффоров У. Марди накўном - Хуҷанд, 1998;
- Бобоев А.Д., Ғозибеков А.Г. Достойный потомок Саманидов. - Худжанд, 1998;
- Абдуллоев С.А., Хайдаров Г.Х. Великий сын Таджикистана. - Худжанд, 1998;
- Мухтаров А. Судьба научного наследия Бободжана Гафурова //Авроқи рангини таърих. - Душанбе, 2007;
- Бободжан Гафуров - ученый, политик, государственный и общественный деятель //Материалы международной научно- тероретической и практической конференции. - Душанбе, 2010 - 120с. ва ғ.
Манобеъ[вироиш]
- Iraj Bashiri, Prominent Tajik Figures of the Twentieth Century, International Borbad Foundation, Academy of Sciences of Tajikistan, Dushanbe, 2003.
|
|
