Болта Ортиқов
Таърихи таваллуд: | 5 май 1924 |
---|---|
Зодгоҳ: | Самарқанд |
Таърихи даргузашт: | 19 ноябр 2001 (77 сол) |
Навъи фаъолият: | |
Забони осор: | тоҷикӣ |
Болта Ортиқов (5 майи 1924, Самарқанд — 19 ноябри 2001) — нависанда, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1960).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Болта Ортиқов 5 майи соли 1924 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст. Соли 1952 факултаи филологияи Донишкадаи омӯзгории Самарқандро хатм кардааст. Дар мактабҳои ноҳияи Кофарниҳон муаллимӣ кардааст. Мудири шуъбаи рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», хабарнигори рӯзномаи «Маориф ва маданият» будааст. Солҳои охир дар Самарқанд зиндагӣ ва эҷод мекард.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Офаридаҳояш аз соли 1953 ба чоп расидаанд. Асосан барои бачаҳо менавишт, ки маҷмӯаҳои «Овози ҷавонон» (1954), «Ҷиянҳои қишлоқӣ» (1958), «Конфетҳо» (1962), «Духтарчаи нағз» (1965), «Себи орухур» (1966), «Мактуби сегӯша» (1971), «Ҳандалак» (1973), қиссаҳои машҳури «Таътил» (1959), «Полвон» (1964), «Гули садбарг» (1966), «Бачаҳои Лолазор» (1975), «Дурдонаҳои Зарафшон» (1980), «Пайи хун» (1982), «Дандони тило» (1982), «Достони Самарқанд» (1985), «Ҳирси одам» (1985), «Кишмишзор» (1987) ва ғ. аз он ҷумлаанд. Якҷиладаҳояш солҳои 1976 ва 1984 ба табърасидаанд.
Китобҳои «Каникулы» (1963) ва «Неугомонный Насыр» (1975)-аш ба забони русӣ тарҷума ва дар Маскав чоп шудаанд. Чанде аз навиштаҳояш ба дигар забонҳо ҳам тарҷума шудаанд.
Аз соли 1960 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
19 ноябри соли 2001 аз олам даргузашт.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Овози ҷавонон» (1954)
- «Ҷиянҳои қишлоқӣ» (1958)
- «Конфетҳо»(1962)
- «Каникулы» (1963)
- «Духтарчаи нағз» (1965)
- «Себи орухур» (1966)
- «Мактуби сегӯша» (1971)
- «Ҳандалак» (1973)
- «Таътил» (1959)
- «Полвон» (1964)
- «Гули садбарг» (1966)
- «Неугомонный Насыр» (1975)
- «Бачаҳои Лолазор» (1975)
- «Дурдонаҳои Зарафшон» (1980)
- «Пайи хун» (1982)
- «Дандони тило» (1982)
- «Достони Самарқанд» (1985)
- «Ҳирси одам» (1985)
- «Кишмишзор» (1987)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе: «Адиб», 2014. — С. 175 ISBN 978-99947-2-379-9