Борис Пастернак

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Борис Пастернак
русӣ: Борис Леонидович Пастернак
Ном ба ҳангоми таваллуд: русӣ: Борис Исаакович Постернак[5]
Таърихи таваллуд: 29 январ (10 феврал) 1890[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 30 май 1960(1960-05-30)[2][3][4][…] (70 сол)
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: нависанда, шоир, тарҷумон, румоннавис, намоишноманавис, пиёнунавоз, насрнавис
Солҳои эҷод: 19111959
Забони осор: олмонӣ ва русӣ[3][6]
Ҷоизаҳо:
Медали «Барои мудофиаи Москва» Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945»
Ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт
Имзо: имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Борис Леонидович Пастернак (29 январ [10 феврал] 1890[1], Маскав[2]30 май 1960[2][3][4][…], Переделкино[d], Вилояти Маскав) — шоир, нависанда ва тарчумони шӯравии рус. Яке аз бузургтарин шоирони руси қарни XX[7][8][9]. Ӯ аввалин шеърҳои худро дар 23 солагӣ мунташир кард[10]. Соли 1955 румони «Доктор Живаго»-ро ба поён расонд, ки се сол баъдаш Ҷоизаи Нобели адабиётро ба даст овард ва пас аз он тавассути ҳукумати шӯравӣ ва теъдоде аз ҳамкоронаш мавриди озору азият ва таъқиб қарор гирифт ва дар натиҷа маҷбур ба чашмпӯшӣ аз ҷоиза шуд.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Маскав дар як хонаводаи эҷодкори яҳудӣба дунё омадаст. Падар — рассом, академики Фарҳангистоин ҳунари Санкт-Петербург Леонид Осипович (Исаак Иосифович) Пастернак ва модар — пиёнунавоз Розалия Исидоровна Пастернак (бо номи хонаводагиии Кауфман, 1868—1939), дар соли 1889, як сол қабл аз таваллуди писарашон аз Одесса ба Маскав нкӯч бастанд. Бурис дар хонае дар чорроҳаи Армс Лейн ва кӯчаи дуюми Тверская-Ямская мутаваллид шуд, дар он ҷо ки онҳо маскан гирифтанд.

Эҷод[вироиш | вироиши манбаъ]

Аввалин маҷмӯаи ашъори ӯ «Дугоник дар абрҳо» (1914), «Аз болои монеаҳо» (1916) мебошанд. Соли 1922 китоби ашъори «Хоҳарам ҳаёти ман» аз чоп баромад, ки шоирро шуҳратманд гардонд. Маҳз ҳамин китобашро Пастернак ифодаи мавқеи эҷодиёташ мешуморад[11].

Романи «Доктор Живаго» авҷи шӯҳрати эҷодиёти Пастернак ҳамчун насрнавис мебошад. Вай онро муддати 10 сол навишта, соли 1955 ба итмом расонд. Ин роман соли 1958 дар хориҷа нашр шуд, Пастернак барои он ҷоизаи Нобелро сазовор гардид.

Номи китоб баргирифта аз шахсияти аввали он — як доктор шоир аст. Достони марде дар он ҳикоят мешавад, ки ошиқи ду зан аст ва ин мавзӯъ ҳамзамон бо инқилоби соли 1917 Русия ва сипас ҷанги дохилии солҳои 1918—1920 тасвир мешавад.

Дар ватанаш ин роман ҳам аз ҷониби мақомот ва ҳам дар доираҳои адабӣ интиқодҳоро ба бор овард. Пастернак аз Иттифоқи нависандагон хориҷ карда шуд. Баъдтар, соли 1988 роман дар маҷаллаи «Новый мир» ба табъ расид. Роман бо шеъри қаҳрамони он анҷом меёбад, ки рӯҳбаландии ахлоқиву фалсафии мавқеи муаллифро фаро гирифтааст.

Борис Пастернак 30-уми майи соли 1960 дар шаҳри Москав вафот кард. То соли 1989 номи Пастернак дар китобҳои дарсӣ аслан вуҷуд надошт ва ҳатто аз будани чунин адибе аксаран бехабар ҳам буданд.

Соли 1987 қарор дар бораи ихроҷи адиб аз сафи Иттифоқи нависандагони ИҶШС лағв шуд.

Соли 1988 бори аввал романи «Доктор Живого» дар маҷаллаи «Новый мир» чоп шуд.

Соли 1988 дипломи барандаи ҷоизаи Нобели адабиёт барояш навишта шуд.

9 декабри соли 1989 медали ҷоизадори Нобел ба писари адиб Евгений Пастернак супурда шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Большая российская энциклопедия (рус.)М.: Большая российская энциклопедия, 2004.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Пастернак Борис Леонидович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
  3. 3.0 3.1 3.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  4. 4.0 4.1 Internet Broadway Database (ингл.) — 2000.
  5. ЦГА Москвы, ОХД до 1917, ф. 2372, оп. 1, д. 37, л. 15 (запись № 47) — 1917.
  6. CONOR.Sl
  7. Большая школьная энциклопедия
  8. Русский язык и литература. Литература. 11 класс. Углублённый уровень.
  9. Поэзия Бориса Пастернака в оценке В. Н. Ильина: религиозно-философский аспект(пайванди дастнорас — таърих).
  10. Поливанов К. М. Пастернак и современники: Биография. Диалоги. Параллели. Прочтения — М.: ГУ ВШЭ, 2006, 272 с., — сс. 11 — 12 Бойгонӣ шудааст 29 октябри 2020  сол. ISBN 5-7598-0361-1
  11. Борис Пастернак: Ҷоизадори Нобел, ки на ҷоизаро дид, на диплом ва на медали онро(тоҷ.). Китобхонаи миллии Тоҷикистон (9 феврали 2023). 10 феврали 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 феврали 2023.