Биноӣ
Биноӣ, босира — яке аз ҳавосси панҷгонаи ҳайвон ва одам, ки ангезиши равшаниро дарк мекунад. Ҳамаи муҳрадорон ва аксари бемуҳрахо (ғайр аз исфанҷ) аъзои босира доранд. Унсури асосии аъзои босираи ҷоизоти бисёрҳуҷайра фоторецептор (ҳуҷайраи ҳисси босиравӣ) аст.
Биноии инсон
[вироиш | вироиши манбаъ]Чашми инсон фақат мавҷҳои нури дарозиашон тақрибан аз 390 то 760 нм-ро дарк мекунад. Бинобар ин, одам нурҳои дарозиашон кам (ултрабунафш) ё зиёд (инфрасурх)-ро дида наметавонад. Нури рӯшноии ашё ба воситаи гавҳарак ба чашм гузашта, ба тӯрпардаи ҳисси рӯшноӣ — шабакия, аз ҷумла ба ҳуҷайраҳои махрутшакл ва қаламчашакли он таъсир мерасонад ва торҳои асаби онҳоро меангезад. Ангезиш ба воситаи асаби биноӣ ба маркази қишри биноӣ, ки дар мағзи сар воқеъ аст, интиқол меёбад ва дар шакли образҳои муайян ва таассурот дарк карда мешавад.
Дар шабакия тақр. 7 млн ҳуҷайраи махрутшакл ва 12 млн ҳуҷайраи қаламчашакл мавҷуд аст. Миқдори асосии ҳуҷайраҳои махрутшакл дар маркази шабакия, ки доғи зард ном дорад, ҷойгир шудаанд. Баробари аз марказ дур рафтан миқдори ҳуҷайраҳои махрутшакл кам мешавад, вале адади ҳуҷайраҳои қаламчашакл меафзояд. Дар канораи шабакия фақат ҳуҷайраҳои қаламчашакл мавҷуданд, ки нурро хеле хуб ҳис карда, барои дар шомгоҳон ё шаб дидан ёрӣ мерасонанд. Ҳангоми бо ҳар ду чашм дидани ашё тасвири он ба нуқтаҳои яксони шабакияи чашмон меафтад ва одам ашёро на ҷудо-ҷудо, балки яклухт мебинад. Агар тасвири ашё ба қитъаҳои яксони шабакияи чашмҳо наафтад, он гоҳ ҳар чиз дуто менамояд, яъне, ҳолати аҳвалӣ ба вуҷуд меояд.
Барои маҳфуз доштани биноии мувофиқ фароҳам овардани шароити мусоиди беҳдошт аҳаммияти бузург дорад. Аз ин ҷиҳат равшании дурусту кофӣ басо муҳим аст. Барои бемонеа ба хона афтодани равшании рӯз шишаҳои тирезаро тоза нигоҳ доштан лозим; дар зертахтаи тиреза гулҳои баланд намегузоранд. Ба тирезаҳо барои рафъ намудани таъсири нурҳои рости офтоб бояд пардаи сафед овехт. Равшании табиӣ дар хона ба дараҷаи инъикоси рӯшноии рӯз дар сақф, деворҳо, мебел ва дигар ашё вобаста аст. Бинобар ин, онҳо бояд тобишҳои сафед ва бештар зарди сабзтоб дошта бошанд. Барои рӯшноии сунъӣ аз лампаҳои каммасраф истифода мебаранд. Рӯшноии онҳо ба рӯшноии рӯз наздик ва барои чашм безарар мебошад. Дар хона барои кор бояд дар назди тиреза ҷойи равшан ҷудо карда шавад. Масофаи байни чашм ва китоб (ё дафтар) бояд 30-35 см бошад. Барои пешгирии хастагии чашм баъди ҳар 30-40 дақ. кор 10 дақ. истироҳат мекунанд. Ҳангоми тамошои телевизор аз экрани он ҳадди аққал 2,5 метр дуртар мебояд буд ва ҳам хона бояд равшан бошад.
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Босира / З. Аҳророва // Боз — Вичкут. — Д. : СИЭМТ, 2014. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 3). — ISBN 978-99947-33-46-0.