Бохтар

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Bactria-320BCE.png

Бохтар - калимаи юнонӣ буда, ноҳияи таърихиро ифода мекунад, ки байни қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш ва Ҳисор, ҷануби Тоҷикистон ва шимоли Афғонистон, дар боло-оби Амударё (Окс) ҷойгир аст. Пойтахти ноҳия - Балх-и-Зарринасп (Балхи ҳозира) аст, ки дар соҳили чапи Амударё вокеъ аст (дар шимоли Афғонистон). Дар ҷануб он бо ноҳияи Гандҳара, дар шарқ - бо Бадахшон (Помири ҳозира), дар ғарб - бо Марғиён (Маргиана), ва дар шимол - бо куҳсори Сакоинишин ҳамсарҳад будааст. Ноҳияи Бохтар ниҳоят макони бонуфуз ва кадим аст. Мувофики рисолаҳои юнони дар Бохтари асрҳои то-милоди нуздаҳ мардумони гуногун-нажод якҷоя зиндаги ба сар мебурданд. Забони расмии мардумони Бохтар - ҳинди: Баҳлика - дар ҳазорсолаи аввали пас-аз-милод "забони Бохтарӣ" буд - забони эронӣ, ки ба гуруҳи забонҳои ҳинду-аврупоӣ дохил мешавад, аммо дар мукотиба алифбои юнонӣ, иборат аз бисту-чаҳор ҳарф, истифода мешуд. Ба ғайри ин, мардумони Бохтар ба забонҳои Тохари (Тохри), Ҳинду-эрони, Ҳинди ва Турки гап мезаданд, ва аз алифбои Арами (Суриё) ва Браҳми (Ҳиндустон) истифода мебурданд. Бохтариён аҷдодони тоҷикон ва афғонони имруза ҳисоб меёбанд.

Ҷуғрофия[вироиш]

Бохтар кишвари байни-кӯҳӣ буда, иқлими мӯътадил ва оби фаровон, инчунин замини серҳосил дорад. Он дар пастхамии тектоникӣ вокеъ гашта, сатҳаш асосан бо регу гили обхӯрда (яъне лёсс) пӯшида шудааст. Ҳамвории доманаи шимоли Ҳиндукуш кариб 400км тӯл мекашад, ва бараш то 140км аст. Баландии ин ҳамворӣ 500м дар чануб ва 250м дар шимол-ғарб аст.

Бохтар дар ҳайати давлати Ҳахоманишиҳо[вироиш]

Ҳайкалчаҳои занхудоҳои давраи бохтариён, ки дар Афғонистони ҳозира ёфт шудааст.

Мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо, қисмати ҷануби Осиёи Марказӣ аз тарафи Ҳахоманишиён, мардумони ноҳияи Форси чануб-ғарбӣ Эрони ҳозира, забт шуда буд. Навиштаҷоти Тахти Ҷамшед қайд мекунад, ки давлати Ҳахоманишиҳо аз сарзамини «Сакоиҳои паси Суғд» то Кўш (Эфиопия) масоҳати бузургеро ишғол мекунад. «Сакоиҳои паси Суғд» ҳамон мардуми бодиянишин, эрони-нажод ва эрони-забон буд, ки он суи дарёи Сир зиндаги мекард, яъне мардуми ҷараёнгоҳи боло, қисман миёнаи ин дарьёи Осиёи Марказӣ. Марғиён (давлати Порт), Бохтар, Хоразм, ва Суғд, ки аз қадим-ул-айём макони мардуми Туронӣ-нажод буданд - ҳамаро эрониёни бодиянишин ба ҳайати давлати навсохтаи Форс - Ҳахоманишиён дохил карданд.

Бохтар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамеша мавкеи хусусиро дошт; Ҳахоманишиҳо низ онро ба муҳимтарин маркази шарқии давлати худ мубаддал гардониданд. Нуфузи зиёд ва имкониятҳои фаровони иқтисодии Бохтар, ва ҳунари ҳарбии мардумони вилоятҳои тобеъи он, мавқеи ин кишварро дар ҳаёти иқтисоди ва сиёсии тамоми давлати Ҳахоманишиён муайян мекард. Аҳамияти Бохтар дар муборизаҳои сулолавии Ҳахоманишиён, яъне гиру-дори тахти шоҳаншоҳи, хеле бузург буд.

Ботинан ва зоҳиран, аъёну ашрофи Бохтар сиёсати ҷудоиталабиро пеша мекарданд, ва мардумаш таърихи қадим ва маданияти худро парвариш мекард. Чун сиёсатдорони кордида, Бохтариён дар ҷангҳои сулолави гоҳо тарафи ин ва ё он даъвогари тахтро мегирифтанд ва кӯшиш мекарданд, ки дар умури давлати Ҳахоманишиҳо баробари форсҳо мавқеи роҳбарикунанда дошта бошанд.

Бактриец.JPG
Бактрийка.JPG
Бактрийка 1.JPG
Бактриец 1.JPG
Либоси мардонаи бохтари Кофарниҳон (Тоҷикистон) Либоси занонаи бохтари Кофарниҳон (Тоҷикистон) Либоси занонаи бохтари Кофарниҳон (Тоҷикистон) Либоси мардонаи бохтари Кофарниҳон (Тоҷикистон)