Лев Виготский

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Виготский Лев Семёнович)
Лев Виготский
Таърихи таваллуд 5 (17) ноябр 1896[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 11 июн 1934(1934-06-11)[2][3][4] (37 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ равоншиносӣ, нақсшиносӣ[d], pedagogy[d] ва адабиётшиносӣ
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Шогирдон Aleksei N. Leontiev[d], Alexander Luria[d], Alexander Zaporozhets[d], Lidiya Bozhovich[d] ва N. A. Menchinskai︠a︡[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Лев Семёнович Виготский (русӣ: Лев Семёнович Выго́тский, дар хурдӣ — Лев Си́мхович Вы́годский; 5 [17] ноябр 1896[1], Orsha[d], Mogilev Governorate[d]11 июн 1934[2][3][4], Маскав) — равоншиноси рус ва шӯравӣ, профессор (1928).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Маскав (1917) ва шуъбаи таъриху фалсафаи Донишгоҳи ба номи А. Л. Шанявский. Дар муассисаҳои илмии ш. Гомел ва аз соли 1924 дар пажӯҳишгоҳҳо ва мактабҳои олии Маскав (Институти равоншиносӣ, Академияи тарбияи коммунистии ба номи Н. К. Крупская, Донишгоҳи давлатии Маскав ва ғ.) кор кардааст; соли 1925 дар боби «Психологияи санъат» рисолаи илмӣ дифоъ намуд. Яке аз таҳқиқотҳои нахустини ӯ «Фоҷиаи Ҳамлет, шоҳзодаи Данияи В. Шекспир» (1915-16) буд. Дар миёни пажӯҳишҳои ӯ баррасии равоншиносии санъат, аз ҷумла таҳқиқи қонунҳои равоншиносии дарки осори бадеӣ мавқеи намоёнро ишғол мекунад. Лев Виготский равоншиносии ҷаҳонии солҳои 20-30 асри 20-ро аз нигоҳи интиқодӣ баррасӣ намуд. Нақди ӯ дар рушди илмҳои равоншиносии кишвараш нақши муассир гузошт («Мафҳуми таърихии буҳрони равоншиносӣ», 1927; 1982 нашр шуд). Ӯ консепсияи умумии равоншиносии маъруф бо номи «назарияи фарҳангию таърихии вазъи равонӣ»-ро таҳия намуда, дар он табиати ҷамъиятию таърихии шуур, функсияҳои олии равониро шарҳ дод («Таърихи рушди функсияҳои олии равонӣ», 1931, нашр 1960). Ин назария дар равоншиносии таълим аҳаммияти хос дошт.

Лев Виготский масъалаи синну солро дар равоншиносӣ мухтасар ифода карда, варианти даврабандии синнусолии инкишофи кӯдакро бар заминаи даврони гузариши синнии «ором» ва «буҳронӣ» бо дар назар доштани зуҳуроти нави равонӣ пешниҳод намуд. Дар поёни зиндагӣ масоили шуур, сохтори маъноӣ ва силсилавии онро таҳқиқ кард. Лев Виготский давраҳои инкишофи тафаккури кӯдакро омӯхта, зимни мубоҳиса бо Ж. Пиаже исбот кард, ки нутқ чи аз ҷиҳати пайдоиш ва чи аз ҷиҳати амалкард падидаи иҷтимоист. Лев Виготский дар дефектология равияи наве ҷорӣ карда, имкони аз ҳисоби рушди функсияҳои олии равонӣ ислоҳ намудани нуқсонҳоро нишон дод. Ӯ дар боби маҳдудсозии функсияҳои равонӣ дар қишри мағзи сар назарияи наве пешниҳод кард. Дар миёнаҳои солҳои 30 асри 20 баъд аз шикасти педология афкори Лев Виготский ҳадафи интиқоди бепоя қарор гирифтанд. Танҳо пас аз соли 1956 осори Лев Виготский дубора вориди майдони афкори гуманитарии кишвараш мешавад.

Лев Виготский яке аз мактабҳои бузурги илмиро дар равоншиносии ҷаҳон таъсис дод. А. В. Запорожес, А. Н. Леонтев, А. Р. Лурия, Д. Б. Элконин аз ҷумлаи шогирдони ӯянд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Литераторы Санкт-Петербурга. ХХ век (рус.) / под ред. О. В. Богданова
  2. 2.0 2.1 Yasnitsky A. (unspecified title)Routledge, 2018. — С. 164.
  3. 3.0 3.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.) / Hrsg.: Bibliographisches Institut & F. A. Brockhaus, Wissen Media Verlag
  4. 4.0 4.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]