Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
| Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон | |
|---|---|
![]() |
|
| Донистаниҳо | |
| Кишвар : | |
| Номи расмӣ : | Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
| Марказ: | Хоруғ |
| Замони таъсис : | 2 январи 1925 |
| Раиси вилоят: | Қодир Қосимӣ |
| Ҷуғрофиёи табиъӣ | |
| Паҳноварӣ : | 64 200 км² |
| Шумораи шаҳрҳо : | 1 |
| Шумораи ноҳияҳо : | 7 |
| Шумораи ҷамоатҳо : | 41 |
| Мардум | |
| Аҳолӣ (2009) : | 220 600 тан |
| Зичии аҳолӣ : | 3,4 кас/км² |
| Забони расмӣ : | Тоҷикӣ |
| Забонҳои гуфторӣ : | вахӣ, ишкошимӣ, рӯшонӣ,
шуғнӣ, язгуломӣ, қирғизӣ |
| Мазҳаб : | исмоилӣ, ҳанафӣ, ҷаъфарӣ |
| Нишониҳо | |
| Сарвожа : | BK |
| ISO-намоя : | TJ-BK |
| Пешшумора: | +992 3552 |
| Нишонии почта : | 736000 |
| Замон : | UTC+5 |
| Вебгоҳ : | .tj |
| Шумораи мошинҳо : | 04РТ |
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (форсӣ: ولایت خودمختار کوهستان بدخشان) — вилояти мухторест дар кӯҳсори Помир дар шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Маркази ВМКБ шаҳри Хоруғ аст ки 525 км шарқтар аз шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, дар резишгоҳи рӯди Ғунд ба рӯди Панҷ ҷой гирифта аст ва 29,3 ҳазор нафар аҳолӣ дорад.
Мундариҷа |
[вироиш] Ҷойгоҳ
ВМКБ бо сарзамине 64,2 ҳазор км² дар кӯҳсори Помир ҷойгир аст ва 44,5 дарсад аз сарзамини Тоҷикистонро дар бар мегирад. 97 дарсад аз сарзамини ВМКБ кӯҳсор аст ва баландтарин кӯҳҳои Тоҷикистон — қуллаи Исмоили Сомонӣ (7495 м), қуллаи Истиқлол (7134 м), қуллаи Корженевская (7105 м), дар ин вилоят ҷой доранд. Аз ин рӯ Бадахшонро Боми Ҷаҳон низ меноманд.
Ин вилоят дар шимол бо Қирғизистон, дар шарқ бо Чин, дар ҷануб ва ғарб бо Афғонистон ҳаммарз аст.
[вироиш] Мардум
Бино бар саршумори соли 2009 аҳолии ВМКБ 220 600 кас буда аст ки 3 дарсад аз аҳолии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Миёнгини зичии аҳолӣ дар вилоят 3,4 кас бар км² аст. Аз ин шумор 29,3 ҳазор нафар (13,3 дарсад аз шумораи умумии аҳолии вилоят) шаҳрӣ ва 191,3 ҳазор нафар (86,7 дарсад) рустоист.
Мардуми Бадахшон ба забонҳои тоҷикӣ ва помирӣ сухан мегӯянд.
[вироиш] Таърих
Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон расман дар 2 январи соли 1925 бар асоси Қарори Кумитаи Иҷроияи Марказии Иттиҳоди Шӯравӣ дар таркиби Ҷумҳурии мухтори Шӯравии Тоҷикистон ташкил шуда аст.
4 августи соли 1967 аз раҳбарии Иттиҳоди Шӯравӣ барои дастовардҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ Нишони Ленин дарёфт карда аст. мардуми помир на боз забони точики балки бо забони помири гап мезананд,
[вироиш] Бахшбандӣ
Бино бар Қонуни тақсимоти кишварии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1 шаҳр, 7 ноҳия ва 43 ҷамоати деҳот дорад[1]:
| Ноҳияҳои ВМКБ | |||||||||||
| Бахш | Аҳолӣ | ||||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| шаҳри Хоруғ | 30 000 | ||||||||||
| Ноҳияи Ванҷ | 116 386 | ||||||||||
| Ноҳияи Дарвоз | 23 541 | ||||||||||
| Ноҳияи Ишкошим | 25 851 | ||||||||||
| Ноҳияи Мурғоб | 14 321 | ||||||||||
| Ноҳияи Роштқалъа | 18 529 | ||||||||||
| Ноҳияи Рӯшон | 23 586 | ||||||||||
| Ноҳияи Шуғнон | 35 441 | ||||||||||
[вироиш] Ҳукумат
Сарвари Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ВМКБ — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ВМКБ ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
[вироиш] Иқтисодиёт
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 12 корхонаи санъатӣ дорад, ки 0,7 дарсад аз ҳаҷми умумии тавлидоти санъатии Тоҷикистонро тавлид мекунанд. Дар соли 2009 дар вилоят 179 млн. квт/соат нируи барқ, 16,0 ҳазор тонна ғалла, 84,1 ҳазор тонна качолу, 16,7 ҳазор тонна сабзиҷот, 0,3 ҳазор тонна полезиҷот тавлид шуда буд.
Саршумори чорводорони вилоят дар охири соли 2009 101,6 ҳазор сар, аз он ҷумла модагов 37,6 ҳазор сар, гӯсфанду буз 305,1 ҳазор сар, асп 0,4 ҳазор сар, буда аст.
Барои рушди иқтисодиёти вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2009 маблағи 87518,3 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ шудааст.
[вироиш] Омӯзишу парвариш
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 19 кӯдакистон, 318 мактаби рӯзонаи таҳсилоти умумӣ, 1 омӯзишгоҳи пизишкӣ ва 1 донишгоҳ дорад, ки 1571 кӯдак, 43,7 ҳазор донишомӯз, 0,4 ҳазор ҳунаромӯз ва 5,0 ҳазор донишҷӯро омӯзишу парвариш медиҳанд.
[вироиш] Ниҳодҳои фарҳангӣ
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 191 китобхонаи ҳамагонӣ бо 1,3 млн. нусха китобу маҷалла, 183 фарҳангсаро, 2 синамокада, 1 намоишсаро (театр) ва 1 осорхона дорад.
[вироиш] Беҳдошту беҳзистӣ
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 36 дармонгоҳу бемористон дорад ки 367 пизишк ва 1052 дармонгарро дар бар мегиранд.
[вироиш] Пайнавиштҳо
- ↑ "List of Jamoats ". UN Coordination, Tajikistan. http://www.untj.org/files/minutes/Food/List_of_Jamoats.xls. Retrieved Jun 15, 2010.
|
|
