Вилояти Сурхондарё

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
UZ-Surxondaryo.PNG

Вилояти Сурхондарё яке аз вилоятҳои ҷумҳурии Ӯзбакистон буда, дар ҷануби он воқеъ гардидааст. Шаҳри Тирмиз маркази маъмурии ин вилоят аст. Иқлимаш ба минтақаи субтропикӣ рост меояд. Ҳудуди вилоятро хатти арзи шимолии 37°10' - 39°02' ва дарозии шарқии 66°32'- 68°25' бурида мегузарад. Аҳолиаш 1 милёну 806 ҳазору 700 нафар. Вилоят маъмуран ба 14 ноҳия, 8 шаҳр, 7 шаҳрак ва 114 деҳа тақсим шудааст. Вилоят дар санаи 6-уми марти соли 1941 ташкил карда шудааст ва бо ҷумҳуриҳои Туркманистон, Афғонистон, Тоҷикистон ва вилояти Қашқадарьё ҳамсарҳад мебошад. Масоҳаташ 20 100 километри мураббаъ, аҳолиаш аз рӯи маълумоти соли 2005, 1 милёну 925 ҳазору 100 нафарро ташкил мекунад. Истиқоматкунандагони ин вилоят асосан мардуми тоҷик ва ӯзбеканд. Аҳолии пойтахти вилоят, шаҳри Тирмиз 122 ҳазору 900 нафарро ташкил мекунад ва буругтарин шаҳри вилоят шаҳри Деҳнав буда 69 ҳазору 500 нафар иқоматкунанда дорад. Ба шаҳрҳои бузурги дигар Бойсун, Сариосиё, Шарғун, Шеробод, Шӯрчӣ, Кумқӯрғон ва Ҷарқӯрғон медароянд.


Вилоятҳои Ӯзбакистон Flag of Uzbekistan.svg
Тошканд . Вилояти Андӣҷон . Вилояти Бухоро . Вилояти Фарғона . Вилояти Ҷиззах . Вилояти Xоразм . Вилояти Намангон . Вилояти Навои . Вилояти Қашқадарё . Вилояти Самарқанд . Вилояти Сӣрдарё . Вилояти Сурхондарё . Вилояти Тошканд . Ҷумҳӯрии Қарақалпақистан