Вилояти Қурғонтеппа

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Вилояти Қурғонтеппа
Вилояти Қурғонтеппа дар нақшаи ҶШС Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Coat of arms of the Soviet Union.svg Иттиҳоди Шӯравӣ Flag of the Soviet Union.svg
Ҷумҳурӣ : Coat of arms of Tajik SSR.png ҶШС Тоҷикистон Flag of Tajik SSR.svg
Марказ: Қурғонтеппа
Замони таъсис : 7 январи 1944
апрели 1977
Замони барҳам хурдан: 23 январи 1947
2 декабри 1988
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 12 600 км²
Шумораи шаҳрҳо : 1
Шумораи шаҳракҳо : 13
Шумораи ноҳияҳо : 11
Мардум
Аҳолӣ (1987) : 982 000 кас
Забони расмӣ : русӣ, тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ, узбакӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа :
ISO-намоя :
Пешшумора :
Нишонии почта : 735140
Замон : UTC+5
Шумораи мошинҳо : ТД

Вилояти Қурғонтеппа (порсӣ: ولایت قرغان‌تپه) — воҳиди тақсимоти кишварӣ дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон дар солҳои 19441947 ва 19731988 буд. Ин вилоят дар ҷануби кишвар, дар дараи рӯди Вахш ҷойгир буд.

Маркарзи идории вилоят шаҳри Қурғонтеппа буд.

Таърих[вироиш]

Вилояти Қурғонтеппа бори нахуст дар соли 1924 ташкил шуд ва то соли 1929 вуҷуд дошт, аммо дар он сол ба округ табдил дода шуд. Соли 1938 округи Қурғонтеппа барҳам дода шуд ва сарзамини он бахше аз вилояти Сталинобод шуд.

Дувум бор вилояти Қурғонтеппа бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 7 январи соли 1944 дар бахше аз сарзамини вилоятҳои Сталинобод ва Кӯлоб таъсис ёфт ва ноҳияҳои Ворошиловобод, Данғара, Даҳанакиик, Кагановичобод, Кировобод, Куйбышев, Қурғонтеппа, Микоянобод, Молотовобод, Октябр, Ҷиликӯл ва Шаҳритусро дар бар мегирифт.

Вилояти Қурғонтеппа бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 24 августи соли 1947 барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеи ниҳодҳои раҳбарии ҷумҳурӣ ва бахше аз вилояти Кӯлоб шуд.

Дар апрели соли 1977 вилояти Қурғонтеппа севум бор таъсис дода шуд ва то сентябри соли 1988 мавҷуд буд то ин ки бо вилояти Кӯлоб ҳамроҳ шуд ва вилояти Хатлонро ташкил дод.

Бахшбандии вилояти Қурғонтеппа дар соли 1988[вироиш]

Ноҳияҳои вилояти Қурғонтеппа дар соли 1988[1]
Ноҳия Марказ
Шаҳри Қурғонтеппа
Вахш Вахш
Ёвон Ёвон
Ильич Обикиик
Колхозобод Колхозобод
Коммунистӣ Октябр
Куйбышев Куйбышев
Қубодиён Қубодиён
Қумсангир Қумсангир
Панҷ Панҷ
Ҷиликӯл Ҷиликӯл
Шаҳритус Шаҳритус


Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. http://wwhp.ru/hatlo.htm