Виспарад

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Виспарад» (авестоӣ — виспе — ҳама, ҳамагон, ратаво — радон, родон, сарварон, доноён, нигаҳбонон, муҳофизони минуӣ; дар маҷмӯъ — ҳама радон − родон; калимаи «виспе» дар санскрит ҳам ба маънои «ҳама» омадааст) — яке аз бахшҳои Авесто.

Аз 24 карда (дар баъзе нусхаҳои хаттӣ 23, 27, вале дар чопи интиқодии Авесто, ки Гелднер ба табъ расонидааст (1886—1895), 24 карда аст ва ҳамин қабул шудааст) иборат мебошад. Маънои калимаи «карда» — фасл, боб. Кардаҳои «Виспарад» ба бандҳо тақсим шудаанд. «Виспарад» нисбат ба дигар бахшҳои Авесто баъдтар, баъд аз «Ясно» мураттаб гардидааст, чунки дар он пораҳо аз «Ясно» ҷой гирифтаанд, «Готҳо» (бахше аз «Ясно») чун сурудҳои муқаддас ситуда шудаанд. «Виспарад» аз дуоҳову ниёишҳо дар бораи радон таркиб ёфтааст, ки шумораи онҳо дар зардуштия бисёр аст. «Виспарад»-ро, асосан, дар замони фаро расидани Гоҳанборҳо — ҷашнҳои мавсимии марбут ба офариниши одаму олам мехонанд. Ҳар яке аз ин Гоҳанборҳо номи худро дорад ва бо ҳамин номаш ситоиш мешавад. Дар кардаи 1-ум, банди 2-юми «Виспарад» омадааст:

Навид [ситоиш] медиҳам ва ситоиш ба ҷой меоварам Гоҳанборҳо – радони ашаваниро:
Маидйузарем (ширдиҳанда)-и ашаван, ради ашаваниро.
Маийушеми ашаван, ради ашаванӣ (ҳангоми даравидани гиёҳон)-ро.
Патйашхими ашаван, ради ашаванӣ (ҳангоми хирманбардорӣ)-ро.
Айасреми ашаван, ради ашаванӣ (ҳангоми гӯшагирии рама)-ро.
Маидйусареми ашаван, ради ашаванӣ (ҳангоми сармо)-ро.
Ҳамаспатмадами ашаван, ради ашаванӣ (ҳангоми ситоишу ниёиш)-ро.

Ба сафи радон/родоне, ки дар «Виспарад» ситоиш шудаанд, эзадон – Суруш, Баҳром (Веретрағна), Меҳр, Ашӣ, Аредвисура Аноҳита, Чиста, Ром, Дамуиш Упаман, Аирйаман, Ҳодухт, Ҳадйауш, Спандармад Дрватат, Ҳаома, Нар йосанг, Озар, Апам Напат, Рашну, Поренди, Ҳовани ва дигарон бо сарварии Аҳура Маздо, саошйантҳо (раҳонандагон), Амшоспандон, отурбонон, артишторон, барзгари сутурпарвар, виспати (деҳхудо), шаҳрёр, ҷонварони обӣ, заминӣ, парандаҳо, чарандагон, номи моҳҳои сол, номи рӯзҳои моҳ, касоне, ки кори бузургу неку мекунанд, марди порсо, зани кадхудо – афрӯзандаи чароғи хонадон, барзагови ёрирасон ба кишоварз, аспи тездав, гандум – сари ғаллот, боз – сарвари мурғон ва ғ. дохил мешаванд. Қадимтарин нусхаи Авесто ҳамон нусхаи хаттии «Виспарад» аст, ки соли 1268 (ба ҳисоби дигар дар тақвими яздгирдӣ соли 1288) навишта шудааст ва он зери шумораи К7 дар Китобхонаи Донишгоҳи Копенгаген маҳфуз буда, ба таври факсимиле ба табъ расидааст. Дар ин нусха тарҷумаи паҳлавии «Виспарад» низ ҷой гирифтааст. Нусхаи дигари «Виспарад» дар Мюнхен зери шумораи М6 ё МН6 нигаҳдорӣ мешавад.

«Виспарад» ба форсӣ (тарҷумаи Пури Довуд, Ҷалили Дӯстхоҳ, Ҳошими Разӣ), англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ тарҷума шудааст.

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]