Водии Зарафшон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Водии Зарафшон — водиест, ки дар вилояти Суғд, қисмати шимолии Тоҷикистон ҷойгир аст. Минтақаи води дар байни қаторкӯҳи Зарафшон ва каторкӯҳи Туркистон ҷойгир шудааст. Қисми шимолии қаторкӯҳи Ҳисор ҳам дар минтақаи водӣ дохил мешавад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар даврони пешин дарёи Зарафшон аз куҳҳои Мастчоҳи куҳна, Яғноб, Фон, Анзоб ва ғ. сарчашма гирифта, то поёноби он — Бухорои шариф рафта мерасид. Дар бораи водии Зарафшон дар китоби «Дастур оиди Панҷакенти қадим»-и Исроил Исмоилов (Душанбе, «Адиб», с.1994) омадааст:

«Водии Зарафшон аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ба се қисми муайян тақсим мешавад: 1) Маҷрои боло –аз саргаҳҳои рӯд то Панҷакент, 2) маҷрои миёна ё ҳамвории Самарқанд- аз Панҷакент то Кармина, 3) поёноби Зарафшон – ваҳои Бухоро. Мувофиқи маълумоти ҷуғрофиёшиносони арабзабон, дар масоҳати маҷрои миёнаи Зарафшон 14 рустои Суғд буд, ки 8-тои онҳо дар қисми ҷануби Зарафшон, 6-тои дигар дар шимоли он мавқеъ дошт. Дар қисми ҷануб аз ҷониби шарқ нахустин русто Панҷакент буд».

— Исроил Исмоилов.Дастур оиди Панҷакенти қадим. Душанбе:«Адиб», 1994

[1]. Инчунин дар сарчашмаи дар боло зикршуда омадааст:

«…Дар асри шаш мавзеъҳои Зарафшони боло, Моғиён (моҳтобӣ), Парғар (замини куҳӣ), (Фалғари имрӯза), Киштут (Киштути имрӯза), Мартушкат (Мастчоҳи имрӯза), дохил мешуд. Ҳамчунин деҳаҳои Мадм, Зеровдавк (Зерободи ҳозира), Эскотар ( Искандари муосир), Химканд, Варз (Варзи манори имрӯза), Курут (Курути имрӯза), Фатмиф, (Фатмев и ҳозира), Поҳут (Похут и ҳозира), Дараи Яғноб низ ба ҳайати Панҷакент шомил буданд.»

— Исроил Исмоилов.Дастур оиди Панҷакенти қадим. Душанбе:«Адиб», 1994

[1].

Ёдгориҳои фарҳангӣ-таърихии шаҳрҳои Самарқанд, Бухоро, Панҷакент, ноҳияи Айнӣ, шаҳракадаи Саразм, Оромгоҳи Муҳаммад Башоро (деҳаи Мазори Шариф), Оромгоҳи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (деҳаи Панҷрӯд), Ҳафткӯл, кӯлҳои Аловуддин, базаи туристии «Артуч», кӯҳҳои Фон, Искандаркӯл ҳунарҳо ва эҷодиёти мардумии сокинони деҳаҳои Яғноб ва Масчоҳи Кӯҳӣ - ро фаро мегиранд.[2]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Исроил Исмоилов. Дастур оиди Панҷакенти қадим. — Душанбе: «Адиб», 1994.
  2. Қодиров Ф.С. Захираҳои туристӣ: ёдгориҳои фарҳангӣ - таърихӣ ва табии. - Душанбе, 2012, с. 31.