Гавдар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Гавдар

Индийский баклан

Берингов баклан

Большой баклан

Малый пёстрый баклан
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Phalacrocorax Brisson, 1760

Гавдар (лот. Phalacrocorax), моҳихӯрак  — як ҷинси парандаи обӣ. Дар зери об нағз шино карда метавонад. Рангаш асосан сиёҳ.

Дар дунё 29 намуди гавдар мавҷуд аст. Дар Аврупо, Амрикои Шимолӣ, Осиё, Африқо, Австралия, Зеландияи Нав вомехӯрад. Дар Тоҷикистон 2 намуди гавдар – гавдарҳои калон ва хурд мавҷуданд, ки парандаи мавсимӣ мебошанд. гавдари калон (Ph. carbo) охирҳои август – аввалҳои сентябр аз Қазоқистон, Сибири Ғарбӣ, Байкал ва Амур омада, охирҳои март – аввалҳои апрел парида меравад. Дар кӯлҳо ва дарёҳои Бадахшон онро фасли тобистон ҳам дидан мумкин аст. Дар гӯиши маҳал онро чаға меноманд. Ҷуссааш калон (дарозии танаш 80–90 см), гарданаш борики дароз, нӯлаш чангакмонанд (дарозиаш 5,2–7,5 см). Паҳнои болҳои кушодааш 1,27–1,56 см; вазнаш 1,8–3,0 кгавдар Рӯзе то 1 кг моҳӣ мехӯрад. Гӯшташ бадбӯй аст. Қабл аз парвоз дар рӯйи замин зиёда аз 100 м башаст давида, баъд болзанон ва хеле вазнин ба ҳаво мехезад. Бештар наздик ба рӯйи об, ҳангоми ба ҷойҳои зимистонгузаронӣ кӯчидан, хеле баланд парвоз мекунад. Аввалҳои апрел гавдари модина 3–6 тухм мемонад. Тухмҳоро ҳар ду ҷинс мехобонанд. Баъд аз 28–30 рӯз аз тухм чӯҷаҳо баромада, баъди 8,5 ҳафта парончак мешаванд.

Гавдари хурд (Phalacrocorax pygmaeus) ба Тоҷикистон нимаи дуюми сентябр – октябр омада, март парида меравад. Рангаш сиёҳ, сараш ҷигарии сурхтоб; чӯҷааш бӯри якранг аст. Дарозии танаш тақр. 48 см; паҳнои болҳои кушодааш тақр. 80 см, пойҳояш 36–38 мм, нӯлаш 28–32 мм, вазнаш 400–450 гавдар Сабук ва хеле хуб парвоз мекунад. Асосан дар Аврупои Ҷанубӣ, Осиёи Пеш, Осиёи Марказӣ паҳн шудааст. Лонаашро дар найзор ва бедзору буттазорҳои соҳили об месозад. Ғизояш асосан моҳӣ, баъзан қурбоқа аст. Рӯзе то 200 г моҳӣ мехӯрад. Модинаи гавдари хурд 4–6 (баъзан 3–7) тухм мегузорад. Тухмҳоро тақр. як моҳ ҳар ду ҷинс бонавбат мехобонанд. Чӯҷаҳо зуд калон ва баъди 70 рӯз парончак шуда, аз лона мераванд.

Гавдарҳо ба хоҷагиҳои моҳипарварӣ зарари зиёд мерасонанд. Онҳо села-села ба дарахтон нишаста, бо наҷосати худ шоху навдаҳоро мехушконанд, ки ин боиси бераҳмона нест кардани гавдар гашт, вале дар баъзе ҷойҳо (мас., дар Байкал) ҳифз мешаванд. Дар мамолики Осиёи Ҷанубу Шарқӣ гавдарҳо барои гирифтани моҳӣ ром карда мешаванд. Моҳигирон шаб ба қаиқҳо нишаста, бо чароғ обро рӯшан мекунанд. Дар натиҷа моҳиҳо ба сатҳи об мебароянд ва гавдарҳои дастомӯз, ки дар гардан ҳалқаи махсус доранд, ғӯта зада онҳоро бо нӯлашон мегиранд. Ҳалқаи филиззии гардани гавдар ба фурӯ бурдани моҳӣ монеъ мешавад. Бо ин роҳ баъзе одамон дар як шаб то 100 кг моҳӣ мегиранд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Иванов А. И., Козлова Е. К. (ва дигавдар). Птицы СССР. Ч. 1. М., 1951;
  • Иванов А. И. Птицы Памиро-Алая. Л., 1969;
  • Абдусалямов И. А. Фауна Таджикской ССР. Т. 19. Ч. 1. Птицы. Д., 1971;
  • Черенков А. Е. Птицы. Энциклопедия природы России. М., 1998.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]