Гул

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Гулҳо

Гул, шукуфа аъзои афзоиши ҷинсии пушидатухмҳо ё растаниҳои гулдор; навдаи кӯтоҳшудаест, ки дар он магаспрофиллаҳои модина ба мевабаргхо ва микропрофиллахои нарина ба гардбаргҳо табдил ёфтаанд. Гул вазифаи афзоишро бо ёрии тухм ки дар тули тахаввул пеш аз гул ва мева паёдо шудааст ба амал мебарорад. Ҳанӯз сарахсҳои тухмдор, ки кайҳо аз рӯйи замин нест шудаанд, тухм доштаанд; онҳо мегаспорафилаҳо баргҳои модинаи спорадор ва миқдори баргҳои наринаи спорадор доштанд ва аз мегаспорангияҳои мегасорофиллаҳо тухммуғчахои ҳақиқӣ ба вуҷуд омадаанд. Минбаъд сарахсҳои тухмдор ба лучтухмҳо асос гузоштаанд. Аз лучтухмҳо ки замоне нашъунамо доштанд ҳоло бештар намудҳои гинкговикҳо алалхусус сузанбаргҳо, пушидатухмҳо дар давраи Юра пайдо, дар миёнаҳои даври Бӯр зуд паҳн шудаанд.

Нигаред[вироиш]

Commons-logo.svg
Анбори Википедиа аксҳое дар бораи ин мавзӯъ дорад: