Гюнтер Грас
Гюнтер Грас дар Данзиг дар соли 1927 ба дунё омадааст. Хату саводро низ дар мактаби зодгоҳаш ёд гирифтааст.
Дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ӯ мачбуран ба қисми қувваҳои чанги -ҳавои хизмат кард ва уро аз тарафи армияи Иёлоти Амрико ба ҳабс гирифтанд. Дар солҳои 1945 - 1946 у хамчун сангсоз кор кардааст.Аз соли 1946 сар карда у ба омузиши санъат дар Кунстакадемия Дюзелдорф ва дар Донишгоҳи Кунст дар Шарқи Берлин дил мебандад.
Гюнтер Вилҳем Грасс (олмонӣ Günter Grass тав. 16 октябри соли 1927 - нависанда, муҷассамасоз ва наққоши олмонӣ аст. У узви барҷастаи гурӯҳи 47 ва аз нависандагони бузург ва маъруфи Олмон аст.
Ӯ соли 1927 дар Гданск, ба олмонӣ Дантсиг, Лаҳистон, аз падари протестант ва модари котолик, зода шуд. Грасс таҳти таъсири тарбияти католикии модар, ба хидмат дар Калисо машғул шуд ва бо навҷавонони ходим дар иҷрои маросими намозгузорӣ ширкат мекард. Дар понздаҳсолагӣ барои гурез аз муҳити тангу фақиронаи хонаводагӣ, хидмат дар артиши Ҳитлериро бо рағбат пазируфт ва дар ҳафтдаҳсолагӣ ба лашкари даҳуми тупхонаи СС - Фрундберг фаро хонда шуд. Гюнтер Грасс пас аз маҷруҳ пас аз шудан дар тарихи 20 апрел 1945 мелодӣ, дар тарихи 8 май 1945 дар Маринбад дастгир ва ба асорати неруҳои амрикоӣ даромад ва то 24 апрели 1946 дар боздошгоҳ буд.
У аъзои гуруҳи 47- ум буд. Ӯ дар Шимоли Райн-Вестфалия, Берлин ва Шлезвиг-Голштейн умр ба сар бурдааст.Асосан у дар Любек зиндаги кардааст. Дар соли 1959 у яке аз беҳтарин эчодиёти хеш " Барабани " -ро аз чоп баровардааст.У ҳамеша ба сиёсат шавқ дорад ва барои интихоби партияҳо кумак мерасонад. У дусти беҳтарини Вилли Бранд буд. Дар соли 1999 Гюнтер Грас бо Ҷоизаи Нобеллӣ қадрдони шудааст. Айни замон Гюнтер Грас дар Любек даврони пири меронад.