Jump to content

Давлат Сафар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Давлат Сафар
Давлат Сафар
Таърихи таваллуд: 8 март 1971(1971-03-08) (53 сол)
Зодгоҳ: шаҳраки Фархор
Навъи фаъолият: шоир, нависанда, рӯзноманигор

Давлат Сафар (Давлат Сафарзода; 8 марти 1971, Фархор) — рӯзноманигор, шоир ва нависандаи тоҷик, Шоири халқии Тоҷикистон (2024), узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (2010)

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Давлат Сафар 8 марти соли 1971 дар шаҳраки Фархор ба ҷаҳон омадааст. Соли 1988 мактаби миёнаи № 7 зодгоҳаш, соли 1993 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Душанберо ба поён расондааст. Фаъолияти меҳнатиро дар Кумитаи давлатии радиову телевизиони ҷумҳурӣ оғоз бахшида, дар вазифаҳои гуногун кор кардааст. Солҳои 2012—2014 директори генералии КВД «Тоҷиккино», аз соли 2014 то 2019 сардори Раёсати табъу нашри Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ кор кардааст. Солҳои 2019—2021 директори нашриёти «Адиб» буд. 5 июли соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири фарҳанги ҶТ таъин гардид. Аз соли 2010 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Асосан дар соҳаи очерку публитсистика ва шеъру тарҷума тавфиқ дорад. Ашъораш дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ ва маҷмӯаҳои «Пайғоми ишқ» (1998), «Шеъри гаҳвора» (2010), «Шаҳбол» (2010), «Авҷи парвоз» (2011), «Дурахши истиқлол» (2011), «Девони ашъор» (Кобул, 2013), «Исёни ғурур» (2013) фароҳам омадаанд.

  • Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ (2002);
  • Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода (2013).[1]
  1. Адибони Тоҷикистон (маълумотномаи мухтасари шарҳиҳолӣ)./Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. — Душанбе, «Адиб», 2014, — с.218 ISBN 978-99947-2-379-9