Давлати Мод

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Давлати Мод (715-550 п.м.) Дар асрҳои XV-X то мелод дар шимолу ғарби Эрон қабилаҳои ориёӣ зиндагӣ мекарданд. Ба ақидаи аксари олимон онҳо ба ин ҷо аз Осиёи Миёна омада буданд. Мувофиқи ахбори Ҳеродот яке аз пешвоёни мадайњо Дейок (шакли эрониаш Даҳюк) қабилаҳои пароканда ва бо ҳам мухолифро муттаҳид карда, давлати Модро (Мидия) ташкил мекунад. Пойтахти он ш. Ҳангматана (Ҳамадон, шакли юнониаш Экбатана) буд. Ин ҳодиса тақрибан дар соли 715 то мелод рух додааст. Мод дар қатори Бобул ва Миср ба яке аз давлатҳои тавонои замони худ табдил меёбад. Ба ҳайати он тамоми Эрон, дар шарқ Порт, Гиркания, Арейя ва Дрангиана, дар ғарб Мана, Урарту (Арманистон), Каппадокия, шимоли Байнаннаҳрайн ва як қисми Шом (Сирия) дохил мешуданд.

Охирин шоҳи Мод Астиаг (с.585-550) буд. Аз гуфтаҳои Ҳеродот бармеояд, ки ў шахси золим буда, ҳатто ба наздиконаш рањм намекардааст. Дар байни ў ва вазираш Гарпаг, ки хеши наздики ў буд, ихтилоф ба амал меояд ва ў барои танбеҳ додани вазир писари ўро ба ќатл мерасонад. Дарбориёни аз сиёсати Астиаг норозӣ буда, дар атрофи рақиби бонуфузи ў Гарпаг муттаҳид мешаванд ва барои аз тахт сарнагун кардани ў фурсат мепоянд. Аз ин шоҳи Форс Куруши Кабир истифода бурда соли 550 Модро ишғол менамояд ва ба мавҷудияти ин давлат хотима мебахшад.

Ташкил шудани давлати Мод дар таърихи халқҳои ориёӣ марҳилаи муҳим буд. Эрониҳо дар Шарқи Наздик ва Миёна ба қувваи пешбари сиёсӣ табдил ёфтанд. Бори нахуст эрониёни ғарбӣ (мадайҳо ва форсҳо ва ѓайра) бо ќисми калони эрониёни шарқӣ (портҳо, гиркониҳо, арейягиҳо ва ғайра) дар њайати як давлат муттаҳид шуда, барои инкишофи тамаддуни ягонаи умумиэронӣ ва ташкил шудани империяи пуриқтидори Ҳахоманишиён заминаи боэътимод муҳайё сохтанд.[1]

Адабиёт[вироиш]

  1. Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 30-32.

Адабиёт[вироиш]

Нигаред[вироиш]