Даврон Бобоҷонов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Даврон Бобоҷонов
Бобоҷонов Даврон Дадоҷонович
Таърихи таваллуд 20 сентябр 1974(1974-09-20) (49 сол)
Зодгоҳ шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ иқтисодчӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои иқтисодӣ (2011)
Унвонҳои илмӣ профессор (2013)
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1991-1996)
Ҷоизаҳо

Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2007), Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2014),

Медали «Хидмати шоиста» (2017)

Даврон Бобоҷонов (Бобоҷонов Даврон Дадоҷонович ; 20 сентябри 1974, шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд) — олим, иқтисодшинос, номзади илмҳои иқтисодӣ (2004), доктори илмҳои иқтисодӣ (2011), профессор (2013).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Бобоҷонов Даврон Дадоҷонович 20-уми сентябри соли 1974 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1996 факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (шуъбаи рӯзона)-ро хатм намудааст. Пас аз хатми Донишгоҳ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) ба ҳайси ассистенти кафедраи назарияи иқтисодӣ (дар муддати солҳои 1996-1998) фаъолияти кории худро оғоз намуд. Солҳои 1998-2002 аспиранти шуъбаи ғоибонаи Маркази илмии Хуҷандии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Солҳои 1998-2003 ассистенти кафедраи муносибатҳои иқтисодии байналхалқии ДДҲБСТ. Соли 2003 ассистенти кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ. Солҳои 2003-2005 сармуаллим, и.в. мудири кафедраи иқтисоди ҷаҳонӣ ва дипломатияи ДДҲБСТ. Солҳои 2005-2012 мудири кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ. Солҳои 2012-2017 муовини ректор оид ба корҳои таълими ДДҲБСТ. Соли 2018 сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, и.в. декани факултети молияи ДДҲБСТ. Аз соли 2018 то кунун муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии ДДҲБСТ мебошад.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 2004 натиҷаи корҳои илмии худро дар мавзӯи «Муаммоҳои инкишофи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар вилояти Суғд дар шароити гузариш ба иқтисоди бозорӣ» ҷамъбаст намуда, дар шаҳри Душанбе рисолаи номзадиро таҳти роҳбарии н.и.и., дотсент Ахмедов М.Х. дифоъ намудааст. Соли 2011 бошад, рисолаи докториро бо мушовирии яке аз олимони намоёни ИҶШС, профессор Гафуров Х.Г. дар мавзӯи «Асосҳои ташкилию иқтисодии ташаккул ва инкишофи сектори органикии соҳаи кишоварзии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе ҳимоя намудааст. Фаъолиятҳои илмии ӯ ба масоили рушди хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар вилояти Суғд, тахассус ва кооператсияи онҳо, дараҷаи шуғлнокии аҳолӣ, такомули муносибатҳои иқтисодии соҳаи аграрӣ, таъмини амнияти иқтисодии хоҷагиҳои минтақавӣ, оқилона истифодабарии захираҳои кишоварзӣ, ташаккули низоми дастгирии давлатии зироаткории органикӣ, сектори органикӣ, экологизатсияи кишоварзӣ, рақобатпазирӣ ва рушди устувор, равандҳои инвеститсионии иқтисодиёти минтақа, ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ равона шудааст. Ӯ аввалин маротиба дар шароити Тоҷикистон масъалаҳои ташкилӣ-иқтисодии ташаккули сектори органикии кишоварзиро пешниҳод намудааст. Дар натиҷаи гузаронидани таҳқиқотҳои илмии ӯ дар якчанд хоҷагиҳои вилояти Суғд истеҳсоли маҳсулотҳои органикӣ ба роҳ монда шудааст. Маҳз дар заминаи ин тадқиқоту пажӯҳишот зери роҳбарии ӯ беш аз 8 нафар (Шокиров Р.С., Каримов Р.А., Тошматова М.Д., Қаюмов Ф.Ғ., Бобоев Ҳ.С., Каримов И.И., Давлатов Б.Р., Азизбоев Р.А.) рисолаҳои номзадиро омода сохтанд.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Профессор Даврон Бобоҷонов муаллифи бештар аз 75 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла, 4 монография мебошад.

Китобҳо (Монографияҳо)[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Развитие фермерского движения в Согдийской области: проблемы и перспективы. Худжанд, 2005. – 130 с.
  2. Таджикистан: формирование органического сектора сельского хозяйства. Душанбе: Ирфон, 2008. – 346 с.
  3. Перспективы формирования и развития органического сектора сельского хозяйства Таджикистана. Душанбе: Ирфон, 2010. - 276 с.
  4. Экономика и политика постсоциалистических государств: опыт трансформации (Глава 10. Экономика Республики Таджикистан). Кол. монография. Под ред. Члена-корр. РАН, д.э.н., профессора Р.И. Хасбулатова. Москва: Вече. 2017. Ч. 2. (С. 334-381) – 518 с.

Китобҳои дарсӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Мировая экономика. Учебное пособие. (Для студентов специальности «Мировая экономика»). - Худжанд, 2007. - 285 с.
  2. Международные экономические отношения. Учебное пособие. (Для студентов специальности «Мировая экономика»). - Худжанд, 2007. - 234 с.
  3. Савдои байналхалқӣ. Комплекси таълимӣ-методӣ (Барои донишҷӯёни ихтисоси иқтисодӣ). – Хуҷанд, 2014. – 344 с.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]