Демократия

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Демократия - аз калимаи юнони (demos-халқ,kratos-хокимият) гирифта шуда маънояш хокимият дар дасти халқ аст,боз демократия ба халқ озодии сухан,интихоб кардан ва интихоб шуданро кафолат медихад.Дар моддаи якуми Сарконуни ЧТ гуфта шудааст , ки Тоҷикистон давлати демократи, хуқуқбунёд,дуняви ва ягона мебошад. Тоҷикистон аз соли 1991 демократияи худро сохта истодааст. Демократия шакли ташкилоти сиёсии чамъият, ки аз руйи иштироки гражданхо дар кори идоракуни, баробарии онхо дар назди конун, хуқуқҳои сиёси ва озодии шахс, аз дигар шаклҳои хокимият фарк мекунад. Аз ин ру пеш аз хама шакли давлат аст. Демократия аз шаклҳои дигари давлат (истибдод, автократия, диктатураи ошкорои харби ва гайрахо) бо хусусиятҳои зерин фарк мекунад: ба таври расми эътироф намудани принсипи тобеияти акаллият ба аксарият; баробари ва озодии гражданхо; интихоби будани органҳои давлати ва гайрахо. Назарияи хакикатан илмии демократияро асосгузорони марксизм-ленинизм офаридаанд. Онхо бар хилофи тасаввуроти оппортунистон ва ислохотчиён дар бораи демократия., характери таърихи доштан, аз шароитҳои модди ва таркиби синфии форматсияҳои чамъиятию иктисоди вобаста будани онро асоснок намудаанд. Аз ин ру ду шакли таърихии Демократия вучуд дорад: Демократияи гайрисиёси ва сиёси. Шакли якум ба сохти чамоаи ибтидои ва шакли дуюм ба форматсияҳои чамъиятию иктисодии синфи хос аст. Пайдоиши моликияти хусуси ва истисмор, синфҳои антагонисти ва давлат боиси характери сиёси гирифтани Демократия гардидааст. Демократия дар чамъияти cинфи хамеша характери синфи дорад.