Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
*
Шумо донишҷӯ ё омӯзгор? Дар лоиҳаи Мактабҳо ва донишгоҳҳо иштирок кунед


Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
ДМТ
Логотипи нави ДМТ.jpg
Ташкил шудааст: 1948
Намуд: давлатӣ
Шаҳр: Душанбе
Кишвар: Тоҷикистон
Шумораи донишҷуён: 18000

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз донишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад.

Маълумоти мухтасар[вироиш]

Донишгоҳ соли 1947 ҳамчун Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дар ш. Душанбе таъсис ёфтааст. Мақоми донишгоҳ мактаби олии касбӣ буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад. Аз соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон номгузорӣ шудааст.

Таърих[вироиш]

  • 21 марти соли 1947 бо қарори Совети Вазирони ИҶШС ҳамчун Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таъсис ёфтааст.
  • Соли 1997 - Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ва соли 2008 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ) номгузорӣ шудааст.

ДМТ аз ибтидои фаъолияташ дар тайёр намудани кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ саҳми хешро гузоштааст. Ба донишҷӯёни донишгоҳ олимони намоёни ҷумҳурӣ таълиму тарбия медиҳанд. Биноҳои таълимии донишгоҳ, аввал дар маркази Душанбе, дар якчанд биноҳои алоҳида ҷойгир буданд. Дар нимаи дуюми солҳои 80-ум шаҳраки донишгоҳ дар мавзеи Бунни Ҳисорак қомат рост кард. Ҳоло аксарияти факултаҳо ва лабораторияҳои донишгоҳ дар ин мавзеъ фаъолият мебаранд. Ба сохтори донишгоҳ - 17 факултет, нашриёт, китобхонаи илмӣ, Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотӣ, боғи ботаникӣ дохил мешаванд (соли 2008). Шумораи донишҷӯён 18200 наф., кормандони илмӣ-омӯзгорӣ тахминан 1200 наф. аст. Аз соли 2012 ректори донишгоҳ доктори илми филологӣ, профессор Муҳаммадюсуф Имомов мебошад.

Факултетҳо[вироиш]

Факултети механикаю математика

  1. Факултети физика
  2. Факултети химия
  3. Факултети геология
  4. Факултети биология
  5. Факултети тиббӣ-фарматсевтӣ
  6. Факултети таърих
  7. Факултети муносибатҳои байналхалқӣ
  8. Факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  9. Факултети баҳисобгирию иқтисодӣ
  10. Факултети молиявию иқтисодӣ
  11. Факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  12. Факултети забонҳои Осиё ва Аврупо
  13. Факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
  14. Факултети забон ва адабиёти рус
  15. Факултети журналистика
  16. Факултети фалсафа

Маркази биотехнологии ДМТ[вироиш]

Маркази биотехнологии ДМТ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.12.2009 № 667 «Дар бораи тадбирҳои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2009, № 707» («Таъсиси маркази биотехнологӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон») бо фармони ректори ДМТ аз 29.12.2009, дар назди Институти (Пажӯҳишгоҳи) илмию-тадқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Сардори Маркази биотехнологии ДМТ - Хуршеда Иномовна Бобоҷонова н.и.б, дотсент, узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

9 декабри соли 2011 озмоишгоҳҳои Маркази биотехнологии ДМТ ба таври расмӣ ифтитоҳ гардид. Маќсади фаъолияти Маркази биотехнологӣ – рушди тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи биотехнология, коркарди самтҳои пажӯҳишҳои илмӣ дар асоси афзалиятҳои давлатии инкишофи илмӣ-техникӣ бо назардошти аҳамияти иҷтимоӣ-иќтисодии он мебошад.

Мавзўи илмии Маркази биотехнологии ДМТ «Коркарди тарзи тайёр намудан ва афзун гардондани маводи кӯчатии солимгардонидашудаи навъҳои маҳаллии ангур дар шароити «in vitro» аз тарафи Шӯрои ҳамоҳангсозии Академияи илмҳои Тоҷикистон барои солҳои 2013-2017 тасдиқ гардид. Коллексияи Маркази биотехнологӣ 70 навъи ангурро ташкил медиҳад.

Аксҳои Маркази биотехнологии ДМТ[вироиш]

Маъмурият[вироиш]

Аз 27 августи cоли 2012, Муҳаммадюсуф Имомов доктори илмҳои филологӣ, профессор, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Ректорони собиқи ДМТ:

  1. З.Ш. Раҷабов 1948 – 1954
  2. И.К Нарзиқулов 1954 – 1956
  3. С.А. Раҷабов 1956 – 1971
  4. П.Б. Бобоҷонов 1971 – 1982
  5. Т.Н. Назаров 1982 – 1988
  6. И.Д. Давлатов 1988 – 1990
  7. Ф.Т. Тоҳиров 1990 – 1995
  8. Х.М. Сафаров 1995 – 2001
  9. Х.С. Сафиев 2001 – 2005
  10. С. Одинаев 2005 – 2008
  11. Н.С. Саидов 2008 – 2012
  12. Ҳ.А. Одинаев 10.01.2012-28.08.2012
  13. М.С. Имомов аз 27 августи cоли 2012

Ансамбли «Наврӯз»[вироиш]

Ансамбли «Наврӯз» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (соли 1965) бо ташаббуси Амонқул Холиқназаров таъсис ёфтааст. Cоли 1966 аввалин бор иди Наврӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси ансамбли «Наврӯз» чун иди миллӣ ҷашн гирифта шуда то имрӯз ҷашн гирифта мешавад. Барномаҳои консертии ансамбли «Наврӯз»бо дар бисёр чорабиниҳо ва фестивалҳои дохили кишвар ва берун аз он, ба монанди: Германия, Полша,Туркия, Юнон, Малта, Австрия, Руминия, Италия, Испания, Гана, Того, Бенин, Нигерия, Ливия ва ИҶШС сазовори баҳои баланд гаштааст.

Аксҳои донишгоҳ[вироиш]

Боз нигаред[вироиш]

Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Пайвандҳои беруна[вироиш]

[1] Cомонаи ДМТ