Донишгоҳи славянии Тоҷикистон-Русия

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи


Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
{{{Номи аслӣ}}}
[[Акс:734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 30.|100px|center]]
Donishgohi slavyanii Tojikistonu Rusiya .JPG
Ташкил шудааст: соли 1996
Намуд: давлатӣ
Шаҳр: Душанбе
Кишвар: Тоҷикистон
Шумораи донишҷуён: 3970 нафар (2011)

Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (ДСРТ) муассисаи таълимии олии байнидавлатии Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Таърих[вироиш]

Донишгоҳ ҳамчун Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон 5 апрели соли 1996 тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.04.96 таҳти рақами № 141 мувофиқи Шартномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Федератсияи Русия ва Тоҷикистон аз 23 майи соли 1993 ва Шартнома байни Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 1997 ташкил шудааст.

Соли 2011 дар донишгоҳ 4 факулта: филология, иқтисод, ҳуқуқ, таърих ва муносибатҳои байналмилалӣ амал менамоянд, ки 24 кафедраи риштаҳои гуногунро дар бар мегиранд. Дар онҳо 3977 донишҷў таҳсил мекарданд. Донишгоҳи славянӣ яке аз марказҳои муҳими илмии чи Тоҷикистон ва чи Русия ба ҳисоб меравад. 63% устодони донишгоҳ соҳиби дараҷаҳои илмии доктор ва номзади илм мебошанд. Аз 247 нафар устодон 34 нафар докторони илм, профессор, 116 нафар номзадҳои илм, дотсентҳо, 20 тан аъзои вобаста ва пайвастаи академияҳои гуногуни Федератсияи Русия, 2 нафар узви вобастаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 дорандаи ҷоизаи давлатии ба номи Абўалӣ ибни Сино дар соҳаи илму техника, 2 нафар ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, 12 нафар кормандони хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Дар донишгоҳ 2 Шўрои илмии аз ҷониби ВАК-и Русия тасдиқгардида дар соҳаҳои филология ва иқтисодиёт амал мекунанд. Инчунин, дар назди донишгоҳ литсей фаъолият мекунад.[1] Аз соли 1996 то 2011 ба Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон: Имомов М.С. доктори илмҳои филологӣ, профессор (2004 - 2011) сарварӣ менамуданд. Ректори донишгоҳ: Нурали Назарович Солиҳов (аз соли 2012), доктори илмҳои филологӣ, профессор мебошад. Ҷойгиршавии Донишгоҳ: 734025, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 30.

Факултаҳо[вироиш]

Донишгоҳ дорои чинин факултаҳо мебошад:

  1. иқтисодӣ
  2. филологӣ
  3. таърих ва муносибатҳои байналмилалӣ
  4. ҳуқуқшиносӣ
  5. таёрии то мактабӣ

Боз нигаред[вироиш]

Олимони Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон

Пайвандҳои беруна[вироиш]

  1. http://www.khatlonpress.tj/index.php?option=com_content&task=view&id=880&Itemid=53