Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
*
Шумо донишҷӯ ё омӯзгор? Дар лоиҳаи Мактабҳо ва донишгоҳҳо иштирок кунед


Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ
{{{Номи аслӣ}}}
[[Акс:734042, шаҳри Душанбе, кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо 10а,|100px|center]]
[[Акс:|270px|center]]
Ташкил шудааст: 1956
Намуд: давлатӣ
Шаҳр: Душанбе
Кишвар: Тоҷикистон
Шумораи донишҷуён: 10700

Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ яке аз дошишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад.

Маълумоти мухтасар[вироиш]

Донишгоҳ соли 1956 дар ш. Душанбе таъсис ёфтааст. Дар замони шӯравӣ номгузориаш Донишкадаи политехникии Тоҷикистон буд. Мақоми донишгоҳ мактаби олии касбӣ буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад. Шумораи донишҷӯён 10700 наф., кормандони илмӣ-омӯзгорӣ 570 наф. аст. Ректори донишгоҳ номзади илми физикаю риёзӣ, профессор А. А. Абдурасулов мебошад.


Таърих[вироиш]

Бо Қарори кабинети Совети Вазирони СССР аз 6 январи соли 1956, №14, 1 сентябри соли 1956 дар ш. Душанбе Донишкадаи политехникӣ кушода шуд (аз соли 1961 - Донишкадаи политехникии Тоҷикистон, аз соли 1992 -Донишкадаи техникии Тоҷикистон ва аз соли 1997 - Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ), ки вазифаи асосиаш тайёр кардани муҳандисон барои корхонаҳои мошинсозӣ, истеҳсолӣ-саноатӣ, соҳаи энергетика, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва ғайра мебошад. Дар соли аввали кушодашавии Донишкадаи (Институти) политехникии Тоҷикистон 3 факултет: энергетикӣ, технологӣ ва сохтмон ташкил шуда, 8 ихтисосро дар бар мегирифт. ки ба ин ихтсосҳо 200 донишҷӯй қабул карда шуда буд. Соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд якумин филиал кушода шуд, ки соли 2010 ҳамчун донишкадаи политехникии мустақил дар ҳайати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон табдил дода шуд. Мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишкадаи политехникии Тоҷикистон соли 1992 ба Донишкадаи техникии Тоҷикистон табдил дода шуд, ва соли 1997 ба вай номи ректори аввалини донишгоҳ – академик М.С. Осимӣ гузошта шуд. Соли 1996 дар ҳайати донишгоҳ факултети соҳибкории муҳандисӣ ва менеҷмент, соли 2005 факултети технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ташкил карда шуд. Дар 55 соли таърихаш, донишгоҳ зиёда аз 45 ҳазор мутахассис тайёр кардааст, ки онҳо дар вазорату, идораҳо, муассисаҳои саноатӣ, сохтмонии ҷумҳурӣ ва берун аз он кор ва фаъолият мекунанд. Дар 8 факултаҳои донишгоҳ аз рӯи 55 ихтисос мутахассис тайёр мекунанд. Ҳоло дар донишгоҳ зиёда аз 10700 донишҷӯ, аз он ҷумла дар таълими рӯзона 8000 донишҷӯн дониш меомӯзанд. Дар 50 кафедраҳои донишгоҳ зиёда аз 570 муаллимон, аз он ҷумла докторони илм, дотсентон кор ва фаъолият доранд.


Факултаҳо[вироиш]

Дар донишкада 8 факултет фаъолият дорад:

• ФАКУЛТЕТИ ЭНЕРГЕТИКӢ

• ФАКУЛТЕТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИТТИЛООТИЮ КОММУНИКАТСИОНӢ

• ФАКУЛТЕТИ МЕХАНИКИЮ ТЕХНОЛОГӢ

• ФАКУЛТЕТИ СОХТМОН ВА МЕЪМОРӢ

• ФАКУЛТЕТИ НАҚЛИЁТ

• ФАКУЛТЕТИ ИДОРА ВА СОХТМОНИ НАҚЛИЁТӢ

• ФАКУЛТЕТИ ТЕХНОЛОГИЯИ КИМИЁВӢ ВА МЕТАЛЛУРГИЯ

• ФАКУЛТЕТИ СОҲИБКОРИИ МУҲАНДИСӢ ВА МЕНЕҶМЕНТ

Маъмурият[вироиш]

Сохтори ДТТ иборат аз - 8 факултет, донишгоҳи политехникии Хуҷанд, коллеҷи техникии ш. Душанбе, маркази дистансионии таълимӣ, такмили ихтисос (тахассус), факултети тайёрии ибтидои донишҷӯён аст. Ректори донишгоҳ номзади илми физикаю риёзӣ, профессор А. А. Абдурасулов мебошад. Адреси юридикии донишгоҳ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734042, шаҳри Душанбе, кӯчаи академикҳо Раҷабовҳо 10а, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ.


Пайвандҳои беруна[вироиш]