Доруҳои муқаввӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Доруҳои муқаввӣ юн. analēptikos (Analeptica) — аналептикҳо, моддаҳое, ки ба системаи асаби марказӣ, махсусан ба марказҳои нафасгирӣ ва ҳаракатдиҳандаи рагҳо таъсири ангезишовар мерасонанд.[1] Дар натиҷа фаъолияти баҳри ҳаёт муҳими организм – нафасгирӣ ва гардиши хун тақвият меёбад. Ба доруҳои муқаввӣ - бемегрид, камфора, сулфокамфокаин, кордиамин, кофеин, этимизол мансуб мебошанд.

Самараи доруҳои муқаввӣ хусусан дар мавриди заъфи фаъолияти системаи асаби марказӣ возеҳ ба мушоҳида мерасад. Доруҳои муқаввӣ ҳассосияти маркази нафасро ба ангезаҳои гуморавӣ (карбонат) ва асабҳо афзун мегардонад. Бештари доруҳои муқаввӣ ба маркази нафас фақат таъсири бевосита мерасонанд. Дар мавриди зери таъсири доруҳои муқаввӣ ангезиш ёфтани маркази нафас басомад ва амплитудаи нафасгирӣ зиёд мешавад. Доруҳои муқаввӣ ҳамчунин ба маркази ҳаракатовари рагҳо таъсир расонда, муқовимати умумии онҳоро меафзоянд ва фишори артерияро (ФА) баланд мекунанд. Кофеин нисбат ба диг. Доруҳои муқаввӣ бартариҳо дорад. Қабл аз ҳама он таъсири рӯҳнавоз мерасонад. Вай бевосита ба миокард таъсир расонда, нерӯи кашиши дилро зиёд мекунад. Кофеин дар сурати паст будани ФА (ҳангоми коллапс ё шок) онро баланд мебардорад, вале ҳангоми мӯътадил будани ФА вояи муолиҷавии кофеин онро чандон тағйир намедиҳад. Доруҳои муқаввӣ-ро ҳангоми коллапс (беҳолии дил), шок, заҳролудии сабук аз маводи харобсозандаи системаи асаби марказӣ (мас., доруҳои наркозӣ, хобовар, спирти этил ва ғайра), халал ёфтани нафасгирӣ (буғӣ шудани навзод, баъзе бемориҳои сироятӣ), ҳамчунин барои зуд ба ҳуш омадани бемор баъди наркоз кор мефармоянд. Дар сурати зиёд кардани вояи доруҳои муқаввӣ ё ба вена тез фиристодани онҳо мумкин аст ихтилоҷ (судорога) рух диҳад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Аналептические средства // 1. Малая медицинская энциклопедия. — М.: Медицинская энциклопедия. 1991—96 гг. 2. Первая медицинская помощь. — М.: Большая Российская Энциклопедия. 1994 г. 3. Энциклопедический словарь медицинских терминов. — М.: Советская энциклопедия. — 1982—1984 гг.