Дулона

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Дӯлона)
Дулона
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Crataegus altaica Lange.

Дулона (лот. Crataegus altaica) — дарахтест майдаи буттамонанд.

Тавсифоти гиёҳшиносӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Тасвири гиёҳшиносӣ аз Curtis's Botanical Magazine, London., vol. 145

То 4 — 5 м қад мекашад. Навдаи хордор, барги паргӯша, гули сафед, меваи майдаи норанҷӣ ё зард дорад. Июн — июл гул карда, мевааш охири август — сентябр мепазад. Одатан, дар талу теппаҳо, соҳили дарёҳои қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Дарвоз, Пётри Якум, Помири Ғарбӣ (Панҷ, Бартанг, Ғунд, Шохдара) месабзад.

Хосияти шифоӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Хусусияти доруии дулона аз қадим маълум аст. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино дулона талхаро фурӯ менишонад, хунравиро мебандад. Дар тибби халқӣ гул, мева, барг ва пӯстлохи дулонаро барои муолиҷаи бемориҳои гуногун истифода мебаранд. Ҷӯшоби барг ва чойи гулҳои хушку меваи дулонаро ҳангоми ғалаёни хун, сарчархзанӣ, дилзанӣ, хафақон, бехобӣ, неврози дил, зуком менӯшанд. Меваи тару тозаи онро чун воситаи исҳоловар тавсия медиҳанд.

Ба ақидаи табибони мардумӣ агар дулонаро истеъмол намоянд, ба бадан ғизо мешавад, дар аъзои бадан қабзият пайдо мекунад, баданро фарбеҳ месозад, фишори баланди хунро паст мегардонад. Дулона қайро таскин бахшида, меъда ва ҷигарро қавӣ мегардонад, иштиҳо меорад, исҳолро мебандад, чакмезакро шифо мебахшад. Оби дулонаро бо шакар бинӯшанд, дарди сареро, ки аз гармӣ бошад, рафъ менамояд. Истеъмоли аз ҳад зиёди дулона ба гурда зарар дорад, иллати қулинҷ (колит)-ро пайдо мекунад, меъдаро заиф месозад. Миқдори як маротиба нӯшидан аз оби дулона то 90 г ва аз мевааш то 55 г аст.

Меваи дулона. Деҳаи Элок, ноҳияи Файзобод

Дар амалияи тибби муосир ҷавҳари обии дулона ё нақеъи гули онро чун давои рӯҳафзо (ҳангоми бемории дилу рагҳо), таскинбахш ва фишорфарор (20 — 30 чакрагӣ рӯзе 3 — 4 маротиба) истифода мебаранд. Ҷавҳари дулона ба таркиби доруи «Кардиовален» дохил мешавад, ки ҳангоми иллати тарбодии дил, кардиосклероз, стенокардия, неврози асабҳои нашвӣ ба кор меравад. Чунин даворо дар шароити хона тайёр кардан мумкин аст. Барои ин 1 чумча меваи кӯфта ё гули дулонаро дар як истакон об андохта, 7 рӯз дар зарфи сарпӯшида нигоҳ медоранд. Сипас онро полида, рӯзе 3 — 4 маротиба пеш аз хӯрок 20 — 30 қатра менӯшанд. Метавон нақеъи дулонаро низ кор фармуд. Барои ин 1 чумча меваро дар зарфи сарпӯшдор дар як истакон об меҷӯшонанд. Сипас онро аз оташ нагирифта (вале наҷӯшонида) 2 соат интизор мешаванд. Баъд даворо меполонанд ва рӯзе 3 — 4 маротиба 3 — 4 чумчагӣ меошоманд. Дулона ба миқдори зиёд витамини С, қанд (сахароза, фруктоза), фитостеринҳо, сапонинҳо, флавоноидҳо, кислотаҳои органикӣ, гулу барги он флавоноидҳо (кварсетин, гиперозид, равғани эфир) дорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ковалева Н. Г., Лечение растениями, М., 1972;
  • Турова А. дулона, Лекарственные растения СССР и их приминение, М., 1974;
  • Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственые растения СССР, М., 1976;
  • Полуденный Л. В. (ва диг.), Эфирномасличные и лекарственные растения, М., 1979;
  • Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, дулона, 1989; Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, дулона, 1998.