Замон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Замон камияте аст баёнгари муддати анҷоми коре.

Замон - Ду дидгоҳи гуногун дар таърифи замон вуҷуд дорад. Дидгоҳи нахуст баён мекунад, ки замон қисмати аз сохторҳои асосии ҷаҳон аст. Баъдӣ аст, ки иттифоқот пушти сари ҳам дар он рух медиҳанд. Ҳамчунин ин дидгоҳ баён мекунад, ки замон қобили андозагирӣ аст. Ин як навъи дидгоҳи воқеъгироёна аст, ки Исаак Нютон баён мекунад ва аз ин ру гоҳе бо номи Замони Нютонӣ шинохта мешавад.

Дар муқобил, дидгоҳи дигаре чунин баён мекунад, ки замони қисмати аз сохторҳои зеҳнии инсон аст (ҳамроҳи фазо ва адад) он чунон, ки мо дар зеҳни худ риштае руйдодҳоро дунбол мекунем ҳамчунин дар зеҳни худ барои тули он иттифоқоти камиятҳоро аз қабили сония ва дақиқа таъриф мекунем.

Таърифи дуюм ба ҳеч ҳувияти мустақиле барои замон ишора намекунад, ки иттифоқот даруни он рух диҳад. Ин дидгоҳ ҳосили кори Гутфред Лейбнитс ва Эмануел Кант мебошанд, ки замонро қобили андозагирӣ намедонанд ва мегуянд тамом андозаҳо дар системи зеҳнии башар рух медиҳанд.

Ба таври куллӣ дар физика замон ва фазо ба унвони камиятҳои бунёдӣ ба шумор меоянд ва имкони баёни таърифӣ дақиқ барои онҳо дар қолаби дигари камиятҳо нисбат ба ин хотир, ки бақияи камиятҳо ҳамчун суръат, нерӯ ва энержӣ ҳамагӣ ба василаи ин ду камиятҳо таъриф шудаанд.

Вақт, замон, яке аз бузургиҳои асосии физика ва астрономия, мафҳуми фалсафӣ (нигар Макон ва замон), ченаки шартии муқоисавии ҳаракати материя, инчунин яке аз координатаҳои фазо ва Вақт, ки хатҳои ҷаҳонии ҷисмҳои физикавӣ ба самти он равона шудаанд. Миқдоран (дар метрология) мафҳуми Вақтро аз се ҷиҳат ҷудо кардан мумкин аст:

  • координатаҳои воқеа дар тири Вақт. Дар таҷриба ин Вақти ҷоришаванда:
  • тақвимӣ (аз рӯйи қоидаҳои тақвимсозӣ муайян карда мешавад) ва Вақти шабонарӯз (аз рӯйи ягон системаи ҳисоби Вақт ‒ ҷадвал муайян карда мешавад, мас., вақти маҳаллӣ, вақти мутобиқкардашудаи ҷаҳонӣ);
  • вақти нисбӣ – фосилаи Вақти байни ду воқеа (ҳодиса);
  • бузургии субъективӣ ҳангоми муқоисаи якчанд раванди гуногунбасомад.

Вақт дар астрономия ва киштиронӣ — бо гардиши шабонарӯзии кураи Замин алоқаманд аст. Барои ҳисоб чанд навъи Вақт истифода мешавад: [[вақти байналмилалии атомӣ (TAI)]], вақти декретӣ, вақти заминӣ, вақти маҳаллӣ, вақти миёнаи офтобӣ, вақти минтақавӣ, вақти мутобиқгардонидаи ҷаҳонӣ (UTC), вақти ситоравӣ, вақти эфемеридӣ.

Воҳидҳои андозагирии Вақт:

  • ҳазорсола (1000 сол),
  • аср ё Садсола (100 сол),
  • индикт (15 сол),
  • даҳсола (10 сол),
  • сол (365/366 шабонарӯз),
  • семоҳа (3 моҳ, 1/4 сол),
  • моҳ (3 даҳрӯза, 30 рӯз),
  • даҳрӯза (10 рӯз),
  • ҳафта (7 шабонарӯз),
  • шабонарӯз (1/7 ҳафта),
  • соат (1/24 шабонарӯз),
  • дақиқа (1/60 соат),
  • сония (1/60 дақ.),
  • солиса (1/60 с),
  • сантисония (10–2с),
  • миллисония (10–3с,
  • ҳаракати тир дар порчаи
  • хурд), микросония (10–6с, рафтори гардана ҳангоми ҷудошавии қатра),
  • наносония (10–9с, диффузияи вакансия дар сатҳи кристалл),
  • пикосония (10–12с, лапиши панҷараи кристаллӣ, пайдоиш ва каниши банди кимиёӣ),
  • фемтосония (10–15с, лапиши атомҳо, ЭМ-майдонҳо дар мавҷи рӯшноӣ),
  • аттосония [10–18с, даври ЭМ-лаппишҳои паҳнои (диапазони) рентгенӣ],
  • зептосония [10–21с, динамикаи вокунишҳои (реаксия)-ҳои ҳастаӣ],
  • йоктосония (10–24с, тавлид/коҳиши зарраҳои бунёдии ноустувор).
Common units of time
Unit Size Notes
Microsecond 10−6 second
Millisecond 1/1,000 second
Сония SI base unit
Дақиқа 60 сония
Соат 60 дақиқа
Рӯз 24 соат
Ҳафта 7 рӯз
Fortnight 14 days; 2 weeks
Моҳ 28 to 31 рӯз
Фасли сол 3 Моҳ
Сол 12 моҳ
Сол 365.24219 рӯз Average
Gregorian year 365.2425 days
Olympiad 4 years
Decade 10 years
Score 20 years
Generation 25 years approximate
Аср 100 сол
ҳазорсола 1,000 сол

Воҳиди ҳисоби замон[вироиш | вироиши манбаъ]

Инчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Манбаъ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]