Заҳири Форёбӣ

Аз Википедиа

Захири Форьёби аз шоиронест , ки хаёти адабии асри XII бо эчодиёти у хатм меёбад. Захариддини Абулфазл Тохир ибни Мухаммади Форьёби, такрибан соли 1156 дар мавзеи Форьёби Балх таваллуд шудааст. Ачдоди у касони фозили замон будаанд. Тахсили ибтидоири дар Форьёб гузаронда, Захир барои давом додани тахсил ба Нишопур меравад. У забону адабиёти точику араб ва илмхои хайату нучум фалсававу риёзиёт ва таъриху тасаввуфро азхуд мекунад. Вай ба Исфаҳону Мозандарон ва Озарбайҷон хам сафархо кардааст. Хаёти Захир дар тангдасти ва кашшоки гузаштааст. Шоир моҳи декабри соли 1201 дар Табрез вафот ёфтааст. Уро дар кабристони Сурхоб, ки мадфани шоирони он замон будааст, дар пахлуи Хокон ива Анвари Дафн кардаанд. Аз осори шоир қасида, ғазал, рубои ва китъа, ки дар як девон мураттаб шудаанд, боки мондааст