Знэймер Моузес

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Знэймер Моузес - Moses Znaimer (таваллуд 1942) асосгузори якумин телевизиони мустақил дар Торонто, ки номаш Citytv мебошад.

Вай дар оилаи Яҳудӣ дар Кӯлоб, Тоҷикистон, ки дар давраи СССР таваллуд шудааст. Дар синни хурдсоли ватанро тарк карда, аввал ба Шанхай, Чин меравад, ва баъдан соли 1948 ба Монтреал, Канада меравад. Ва дар Монтреал дар Донишгоҳи МкГилл таҳсил мекунад аз рӯи риштаи фалсафа ва сиёсатшиносӣ, дертар дар Донишгоҳи Ҳарвард солҳои -1960ум таҳсил кардааст.

Знэймер кори худро бо ҳамроҳ шудан ба CBC солҳои 1960ум сар кард. Вай бо барномаи худ дар Радиои CBC Cross Country Checkup машҳур мешавад, дар як вақт дар барномаи телевизионии CBC Television Take Thirty, бо Адрин Кларксон. Баъд аз раъд кардан ба имконияти пешниҳодоти дар CBC, Знэймер корро тарк карда ба пахши барномаҳои радио ва телевизиони хусусӣ шурӯъ мекунад.