Зубайдулло Иззатуллоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Зувайдулло Иззатуллоев)
Зувайдулло Иззатуллоев
Зувайдулло Иззатуллоев
Таърихи таваллуд 16 июл 1943(1943-07-16) (80 сол)
Зодгоҳ шаҳри Самарқанд
Маъруф ба олим

Зувайдулло Иззатуллоев (16 июли соли 1943, гузари Даҳбед, Самарқанд) — зистшинос, омӯзгор. Доктори илми биология (1988), профессор (1992), дорандаи Ҷоизаи Фонди байналмилалии америкоии илмҳои табиатш. оид ба «Гуногунии биологӣ» ба номи Ҷон Сорос (1993).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Зувайдулло Иззатуллоев 16 июли соли 1943 дар гузари Даҳбеди Самарқанд ба дунё омадааст. Дар факултети илмҳои табиатш. (бахши биология) УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло- Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) хондааст (1960—1965). Аспиранти ИЗИП ба номи акад. Е. Н. Павловскийи АИ Тоҷикистон. С. 1970 дар мавзӯи «Моллюскҳои заминии қаторкӯҳи Ҳисор ва атрофи он» рисолаи номз. ҳимоя кардааст. Ход. хурди илмӣ (1971—1973), ход. калони илмии ИЗИП АИ Тоҷикистон (1973—1986). С. 1988 дар мавзӯи «Моллюскҳои Осиёи Миёна ва минтақаҳои ҳамсоя» рисолаи док. дифоъ намудааст. Муд. шуъбаи таснифоти ҳайвоноти бемуҳра (1986—1990), сарходими илмии ИЗИП АИ Тоҷикистон (1990-91). С. 1992 ба Самарқанд кӯчидааст. И.в. профессори Донишгоҳи давлатии Самарканд ба номи С.Айнӣ (1992—1994), профессори зоология (1994—1996), и.в. муд. каф. (1997—1999), аз соли 1999 — муд. каф. экология ва ҳифзи табиати ДДС ба номи А.Навоӣ.

Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи беш аз 350 асару мақолаҳои илмӣ, илмии оммавӣ, илмии методӣ, аз ҷумла китоби «Лесак — зараррасони хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон», ду монография доир ба тадқ. моллюскҳои Осиёи Миёна. ки ҳаҷми умумиашон 40 ҷузъи чопист. Бисёре аз ин мақолаҳо дар маҷаллаи «Фауна СССР», ЭКС, ЭХҚ Тоҷикистон, моҳномаи «Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон», «Илм ва ҳаёт», «Китоби сурхи СССР», китобҳои дарсии мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ ва олии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дарҷ шудаанд. Ба ҳимояи рисолаҳои номз. панҷ аспирант, унвонҷӯ ва коромӯз роҳбарӣ намудааст. Чандин намудҳои нави моллюскҳои тадқиқкардааш номи Иззатуллоевро гирифтаанд.

Зувайдулло Иззатуллоев узви През. Ҷамъияти малакологии СССР (1991), узви Шӯрои дифои рисолаҳои док. ва номз. дар назди Институти зоологияи АИ Ӯзбекистон (аз. с.1994), раиси Фонди ғайриҳукуматии «ЭКОСАН»-и ташкилоти ибтидоии ДДС (аз соли 1996), узви ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Вестник СамГУ» (1998—2000), раиси филиали Самарқандии барномаи байналмилалии ЮНЕСКО «Инсон ва биосфера» (аз с.2003), иштирокчии Конгрессҳои малакологии Англия (1979), Венгрия (1983), Германия (1986), Италия (1991), Испания (1995), ИМА (2000).

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо медали «Ветерани меҳнат» ва Ифтихорномаҳои соҳави қадр карда шудааст.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Аслҳо ва наслҳо. — Душанбе, 2013, с.56.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]