Имод Фақеҳи Кирмонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Имоди Факеҳи Қирмонӣ)
Имод Фақеҳи Кирмонӣ
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Хоҷа Имодуддин Фақеҳи Кирмонӣ (форсӣ: خواجه عمادالدین علی فقیه کرمانی‎; зод. Кирмон) — яке аз шоирони садаи XIV аст, ки дар аксари сарчашмаҳои адабӣ ва таърихӣ бо лақаби Имоди Фақеҳ (форсӣ: عماد فقیه‎) зикр ёфтааст.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Имоди Фақеҳ тақрибан дар соли 1310, дар шаҳри Кирмон таваллуд шудааст. Соли 1372 ҳамон чо вафот мекунад.

Дар шаҳрҳои Кирмон, Шероз ва Язд таҳсил намудааст. Шайх Озари дар Чавохируласрор, Давлатшохи Самарканди дар Тазкиратушшуаро ва дигар тазкиранависон ба фазлу дониш ва ҳунари шоирии Имоди Факех баҳои баланд додаанд. У махсусан дар илми бадеъ мумтоз будааст. Шоири сермахсул Имоди Факех шаш маснави ва як девони ашъор ба мерос гузоштааст. Онҳо бо номи Куллиёти Имоди Факехи Кирмони ба табъ расидаанд, ки аз 16 ҳазор байт иборат мебошанд.

Мероси адаби[вироиш | вироиши манбаъ]

1) Манснавии «Тарикатнома» ё «Мисбохулхидоят» аз 10 боб (4880 байт) иборат буда, соли 1349 ба номи Шох Шучоъ таълиф шудааст. Дар ин маснави сухан бештар аз масъалаҳои амалии тасаввуф меравад ва аз руйи мазмун онро дастурномаи ахли тасаввуф ва пайравони роҳи тарикат хисобидан мумкин аст. 2) Достони Сафонома ё Мунисулаброр ва Анисулахёр хачман хурд буда, аз се макола иборат аст, хар яки он дар навбати худ ба фаслҳои алохида таксим мешавад. Сафонома (1364—1365) мазмуни ахлоқи дорад, худи шоир низ онро Сад панд номидааст. Имоди Факех дар ин достон аз бевафоии умр, бебакоии дуне, чабру ситами фалак ва ғайра шикоят карда, мардумро ба неки хидоят фармудааст. 3) Манснавии Сухбатнома ё Тарбиятнома (1330—1331). Дар хачми 954 байт буда, аз 10 макола иборат аст. Дар он шоир оид ба неки, халқпарвари, адолату ҳақиқат ва ғайра акидаҳои чолиб пеш гузоштааст. 4) Достони Мухаббатнома (1331—1332) мукаддимаи хурди насри дорад, ки дар он сабаби таълифи асар накл шудааст. Достон дорои 480 байт буда, ба 8 боб таксим мешавад. Мухаббатнома дар мавзӯъи ишқу ошикист. Дар достон на танхо аз ишқи инсон, балки аз муҳаббати ҳайвонот, наботот, ҷавоҳирот ва дигар ҷисмҳо низ сухан рафтааст. Шоир дар ин асар мунозираи рух ва бадан, зарра ва хуршед, оҳан ва оҳанрабо, шамъу парвона, кох ва кахрабо, гулу булбул, паша ва филро оварда, аз муҳаббати байни онҳо накл кардааст. 5) Маснавии Дах нома (соли таълифаш номаълум) дах номаро дар бар мегирад ва ба шахсони гуногун бахшида шудааст. 6) Достони «Тухфатулихлос» ё «Китобулмаориф» (соли таълифаш номаълум) низ андешаҳои ахлоқии шоирро фаро гирифтааст. У дар ин асар подшоҳонро ба инсофу адолат даъват кардааст. 7) Девони ғазалиёт, мукаттаот, касоид ва ғайра.

Девони ашъораш қитъаҳои зиёде дорад, ки дар васфи подшоҳу вазирон ва дигар шахсони таърихии замонаш суруда шудааст. Китъахо бисёр акидаҳои тарбиявию ахлоқии шоирро фаро гирифтаанд. Куллиёти шоир 26 қасида дорад, ки мадхи подшоҳону вазирон, шикоят аз замона, таргиби илму адаб ва баъзе лахзаҳои ҳаёти шоирро дар бар гирифтааст. Дар эҷодиёти Имоди Факех ғазал мақоми хоса дорад. Ғазалҳои ӯ аз руйи мазмун, санъати бадеи, хушоҳанги ва латофату назокати сухан ба ғазалҳои Ҳофиз шабохат доранд. Куллиёти шоир 107 рубоӣ дорад, ки хамаги соддаю равон гуфта шудаанд. Намунахо аз эҷодиёти у:

Аз ғазалиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Гул нусхаи чамол зи руят гирифтааст,
Сунбул саводи атр зи муят гирифтааст.
Аз нуктаҳои сехри мубин нусхаи саким,
Наргис зи чашми арбадачуят гирифтааст.
Боди сабо ки домани гул пурабир аз уст,
Муе зи зулфи голиябуят гирифтааст.
Гулбарг бо узори ту зад лофи нозуки,
Сунбул шуниду ҷониби руят гирифтааст.
Аз гул латифтар нашунидем сурате,
В-он нозуки зи руйи накуят гирифтааст.
Боди баҳор кард зи нав атрсоие,
Гуи губоре аз сари куят гирифтааст.
Фориг бувад зи бодаи хумхонаи бихишт,
Масте, ки кузае зи сабуят гирифтааст.
Хуйи хуш аст қоидаи ошикони ту,
Хар кас, ки дид руйи ту, хуят гирифтааст.
Дони, ки шохи умри Имод аз чи тоза гашт,
Оби ҳаёте аз лаби чуят гирифтааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]