Интихобот дар Тоҷикистон

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи миллӣ интихоб мешаванд. Президенти Тоҷикистон ба мӯҳлати ҳафт сол аз тарафи мардум интихоб мегардад ва дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешавад.

Маҷлиси Олӣ аз ду маҷлис - Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст (Маҷлиси ду палатагӣ баъд аз ворид гардидани тағйироту иловаҳои раъйпурсии уммумихалқии соли 1999 ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудааст). Мӯҳлати ваколати Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст, ки онҳо дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб карда мешавад. Маҷлиси намояндагон доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад.

Аз чор се ҳиссаи аъзоёни Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим аз Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ бо овоздиҳии пинҳони интихоб мешаванд (ҷамъ - 25 вакил). Аз чор як ҳиссаи аъзоёни Маҷлиси миллиро (8 вакилро), Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад. Ҳайати Маҷлиси миллӣ - 33 вакили маҷлисро дарбар мегирад.

Тоҷикистон як давлати ғолибҳизб бо Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар қудрат аст.[1]


Манбаъ[вироиш]

  1. Elections in Tajikistan. (2013, August 31). In Wikipedia, The Free Encyclopedia. Retrieved 08:28, October 9, 2013, from http://en.wikipedia.org/w/index.php?title=Elections_in_Tajikistan&oldid=570949110