Ираҷ Баширӣ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Ба ин мақола дигар саҳифаҳои мақолаҳои Википедиа пайваст нестанд.
Лутфан, аз ҷустуҷӯ истифода баред ва пайвандеро аз рӯи қоидаҳои кабулшуда гузоред.
ایرج بشیری
Ираҷ Баширӣ
Iraj Bashiri.jpg
Зодрӯз 31 июли соли 1940
Зодгоҳ Беҳбаҳон, Эрон
Вазифа таърихшинос

Эраҷ Баширӣ (форсӣ: ایرج بشیری) – устоди таърихи Донишгоҳи Минессотаи Иёлоти ‎Муттаҳидаи Амрико дар 31 июли соли 1940 милодӣ мутобиқ бо нӯҳуми мурдодмоҳи ‎‎1319 ҳиҷрии хуршедӣ ва баробар бо 25 ҷамодиуссонии 1359 ҳиҷрии қамарӣ дар шаҳри ‎Беҳбаҳон дида ба дунё гушуд. Вай таҳсилоти иб-тидоиро дар Домана ва Дорон дар ‎ноҳияи Ферейдан ва даврони дабиристонро дар Исфаҳону Шероз ба итмом расонид ва ‎дар соли 1961 бо дипломи риёзӣ аз дабиристони «Ҳоҷ Қавом»-и Шероз фориғуттаҳсил ‎гардид. Дар даврони дабиристонӣ Баширӣ алоқаи муфрате ба забони инглисӣ нишон ‎дод ва дар соли 1960 дар озмуни саросарии кишвар дар Ромсар мақоми шогирди ‎мумтози Эрон дар забони инглисиро ба даст овард.‎

Дар байни солҳои 1960 ва 1963 Баширӣ ба таҳсили забон ва адабиёти инглис дар ‎Донишгоҳи Паҳлавӣ (Донишгоҳи Шерози кунунӣ) пардохт ва дар соли 1963 ба унвони ‎шогирди аввали забон ва адабиёти инглисӣ аз он донишгоҳ фориғуттаҳсил гардид. Дар ‎даврони таҳсилоти донишгоҳӣӣ вай ҳам-чунин, муддате ба унвони хабарнигори ‎минтақавии рӯзномаи «Кайҳон» дар устони Форс анҷоми вазифа кард ва дар ҳамин ‎замон низ дар Анҷумани фарҳангии Эрону Инглис дар Шероз ба тадриси забони ‎инглисӣ ва дар Донишгоҳи Паҳлавӣ ба тадриси адабиёти инглисӣ иштиғол дошт.‎

Дар соли 1964 Баширӣ барои идомаи таҳсил ба Инглистон ва дар соли 1966 ба ‎Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар кард. Вай дар соли 1968 муваффақ ба ахзи дараҷаи ‎фавқлисонс дар забоншиносии умумӣ аз Донишгоҳи Мичиган гардид ва дар соли 1972 ‎рисолаи доктории худро дар забоншиносии эронӣ аз ҳамон донишгоҳ ахз намуд. ‎Рисолаи доктории Баширӣ бар асоси таҳқиқоти Ибни Сино дар феъли «будан» аст. ‎Баширӣ нишон медиҳад, ки феъли «будан» наҳве махсус ба худ дорад, ки бо кӯмаки ‎феъли «шудан» ҷанбаи аҳволӣ ва бо кӯмаки феъли «кардан» ҷанбаи инфиолӣ ба худ ‎мегирад ва бозгӯи тағйироту таҳаввулоти мунъакиса дар забон ме-шавад.‎ Дар даврони таҳсилоташ дар Амрико низ монанди солҳои таҳсилиаш дар Эрон, ‎Баширӣ ба тадриси забон (ин бор – забони форсӣ) дар Донишгоҳи Мичиган иштиғол ‎ёфт ва ҳамчунин, дар таълиму тарбияти сипоҳиёни сулҳ дар иёлоти Вермонт, Ню-Йорк ‎ва Ню-Ҷерси ширкат намуд. Дар соли 1972 доктор Баширӣ ба симати дастёри ‎муваққат барои тадриси забонҳои форсиву туркӣ ва адабу фарҳанги Эрон дар ‎Донишгоҳи Минессота истихдом шуд ва дар тайи солҳои ибтидоии хидматаш маводи ‎рисолаи доктории худро ба амал гузошт ва китоби «Форсӣ барои мубтадиён»-ро бар ‎асоси рисолаи докториаш навишт. Ин китоб то ба ҳол чаҳор бор бознавис шуда ва ба ‎забонҳои инглисӣ ва русӣ ба чоп расида. Баширӣ дар соли 1977 ба дарёфти мақоми ‎устодёрӣ ва дар соли 1996 ба дарёфти мақоми профессорӣ ноил гардид. ‎

Маводи тадрисии доктор Баширӣ дар даврони тадриси вай дар Минессота шомили ‎забоншиносии эронӣ, адабиёти форсӣ (назм ва наср) ва таърихи Эрон (аз азманаи ‎қадим то ҳол) аз як тараф ва таҳқиқу тадрис дар адабиёту фарҳанг ва таърихи ‎мардуми Осиёи Миёна ва Афғонистон аз тарафи дигар мебошад. Ӯ дар соли 1980 ‎унвони устоди мумтози донишкадаи улум ва адабиёти Донишгоҳи Минессотаро аз худ ‎кард.‎

Таҳқиқоти доктор Баширӣ доманадор аст, вале дар ин ҷо метавон ба шарҳи ‎мухтасаре дар бораи се намуна аз эҷодиёти вай пардохт. Баширӣ тақрибан понздаҳ ‎соли аввали таҳқиқашро сарфи беҳтар шинохтани Содиқ ҳидоят кард. Вай ибтидо ‎бисёре аз достонҳои Ҳидоят ва оқибат, «Буфи кӯр»-и вайро ба инглисӣ тарҷума кард, ‎он гоҳ ба таҷзия ва таҳлили корҳои Ҳидоят, бахусус, «Буфи кӯр» пар-дохт. Назари ‎вай, ки назари як сохторшинос аст, бо назариёти мутадовил дар бораи Ҳидоят ва ‎‎«Буфи кӯр»-и ӯ фарқ дорад. Баширӣ бо марбут сохтани «Буфи кӯр» бо ду манбаи ‎асосии он, яъне «Будо Корито» ва «Китоби мурдагони аҳли Тибет» нишон медиҳад, ки ‎сохтори достон бар мабнои зиндагии Будо, хоҳиши башар барои фирор аз чархи ‎зиндагӣ ва надомати ӯ аз вуҷуди зиндагии дубора мебошад. Дар таҳқиқоти мутадовил ‎ба ҳеч як аз ин ҷанбаҳои асосии сохтории достон таваҷҷӯҳ намешавад.‎

Мо қаҳрамони китобро дар поёни яке аз умрҳои ӯ дар ҳангоми бозхост мулоқот ‎мекунем. Вай дилҳура дорад, чун намедонад аъмоли гузаштааш мавриди қабули Худои ‎марг воқеъ хоҳад шуд ё на. Намоди нилуфари сиёҳ маълум медорад, ки боз муваффа-‎қиятро аз даст дода. Дар ин ҷо Ҳидоят аз намоди регҳои сиёҳ, ки арвоҳи будоии ‎маҳкум ба зиндагии дубора бо худ ба ҳузури Худои марг меоваранд, ис-тифода ‎мекунад ва Худои маргро дар ҳайати марде Хинзир Пензерӣ нишон медиҳад. Иллати ‎қабул нашудани вай сода аст. Ӯ дониши комиле бар ҳаёти қаблии худ надошта ва ‎мудом мафтуни алоиқи дунявӣ буд (ба қавли Ҳидоят, ӯ наққоше буда, ки ҳамеша ‎ҳамон тасвирро мекашида) ва бино бар ин, шоистаи дарёфти умри ҷовидон нест. ‎Шиддати парешонии қаҳрамон аз дарёфти ин ҳукм кофист, ки ӯро аз худ бехуд созад.‎

Дар зиндагии баъдӣ қаҳрамони достон худро водор мекунад, ки ҷаҳонро он тавр, ки ‎ҳаст, бишносад, то битавонад аз тазвири замон бигрезад ва ба озодии мудом (нирвана) ‎бирасад. Аз ин рӯ, ҳаракот ва одоби наздиконаш (аз зан ва дояаш гирифта, то ‎пирмард Хинзир Пензерӣ ва қассоб ва мардуми одии шаҳри Рай)-ро бо диққати ҳар чи ‎тамомтар аз назар мегузаронад, то мутмаин шавад, ки дар гузари баъдиаш нилуфари ‎сиёҳе пайдо нашавад ва аз гири чархи замон озод гардад. Ва ҳамин тавр ҳам мешавад. ‎Баширӣ дар таҳқиқи худ ҷанбаҳои мухталифи ин таҷзия ва таҳлилро баррасӣ мекунад, ‎ки тавзеҳи беш аз ин дар бораи он аз ҳавсалаи ин мухтасар берун аст.‎

Таҳқиқоти Баширӣ дар хусуси Фирдавсӣ дар бораи нақши фарр дар «Шоҳнома» ‎мебошад. Вай «фарр»-ро ба унвони меҳвари асосии ҳукуматии мардуми Эронзамин ‎муаррифӣ мекунад ва нишон медиҳад, ки дар адвори таърих ин вадиаи илоҳӣ ‎пуштибони эрониён буда ва дар тадовими ҳаёти миллии онҳо нақши махсусе ифо ‎кардааст. Натиҷаи ин таҳқиқ дар китоби «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ баъд аз ҳазор сол» ‎аз тарафи Академияи улуми Тоҷикистон дар Душанбе ба чоп расида.‎

Доктор Баширӣ ҳамчунон, ба дарки беҳтари мо аз сохтори ғазалиёти суфиёнаи ‎ҳофиз кӯмак кар-дааст. Баръакси касоне, ки мегӯянд ашъори ҳофиз абёте пароканда ‎ҳастанд, ки Ҳофиз онҳоро монанди донаҳои марворид ба расан кашида, Баширӣ нишон ‎медиҳад, ки ғазалиёти суфиёнаи Ҳофиз на танҳо дорои сохторе якпорча ва ҳисобшуда ‎мебошад, балки намудори дақиқе аз зиндагӣ дар хонақоҳ ва робитаи байни муршид ва ‎мурид мебошад. Аз он гузашта, Баширӣ мегӯяд, ин ғазалиёт барои ҳар кас на, балки ‎барои ҷамъи махсусе (аҳли дил) навишта шудаанд. Вай ҳатто пешниҳод мекунад, ки ‎шояд сохтори ғазал (sonnet)-и инглисӣ аз сохтори ғазалҳои суфиёнаи Ҳофиз баҳра ‎бурда бошад.‎

Чанд сол қабл аз фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ доктор Баширӣ ‎майдони таҳқиқ ва тадриси худро густариш дод ва ба таҳқиқу тадрис дар бораи ‎Афғонистон ва ҷумҳуриҳои тоза истиқлолёфтаи Осиёи Миёна пардохт. Вай қабл аз ‎фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъд аз он, чандин бор ба ин ҷумҳуриҳо сафар кард ‎ва гоҳ муддате дар он ҷо иқомат намуд, то аз наздик бо фарҳанг ва зиндагии он мардум ‎ошно гардад. Аз миёни ин ҷумҳуриҳо Баширӣ бештар бар рӯи масоили мух-талифи ‎ҷумҳурии Тоҷикистон такя дошта ва кутубу мақолоти бисёре дар бораи фарҳанг ва ‎адабу таърихи тоҷикон ба риштаи таҳрир даровардааст, ки аз он ҷумла, метавон ‎таҳқиқоти вай дар осори Садриддин Айнӣ – нависандаи саршиноси тоҷикро ном бурд. ‎Дар соли 1996 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин (=Донишгоҳи ‎давлатии миллии Тоҷикистон) профессор Башириро бо унвони доктори ифтихории ‎фарҳанг ва таърих мавриди тафаққуд қарор дод ва дар соли 1997 Академияи улуми ‎Ҷумҳурии Тоҷикистон вайро бо унвони академик ва узви байналмилалии Академия ‎муф-тахар сохт. Дар ҳақиқат, ҳуҷҷатулислом Акбари Рафсанҷонӣ ва доктор Эраҷ ‎Баширӣ танҳо эрониёне ҳастанд, ки ба дарёфти ин лақаби ҷаҳоншумул ноил ‎гардидаанд. Баширӣ ҳамчунин, дар таҷзия ва таҳ-лили осори Чингиз Айтматов – ‎нависандаи ҷаҳон-шумули қирғиз саҳми басазое дорад ва боиси шиносоии беҳтари ‎Айтматов дар ҷаҳони Ғарб гардидааст.‎

Дар тайи солҳои тадриси худ дар Минессота, Баширӣ ба тадрис ва таҳқиқ дар ‎донишгоҳҳо ва марокизи таҳқиқи дигаре низ машғул буда, ки аз он ҷумла, метавон ‎Донишгоҳи Мичиган, Донишгоҳи Техас дар Остон, Донишгоҳи байналмилалии қа-‎зоқистон ва Академияи улуми қирғизистонро ном бурд.‎

Дар поён, профессор Баширӣ дар тӯли солҳои тадрис ва таҳқиқи худ аз анҷоми ‎вазоифи идорӣ низ бебаҳра набудааст. Байни солҳои 1975 ва 1979 вай раёсати бахши ‎мутолиоти Ховари Миёна ва сипас, раёсати бахши мутолиоти Осиёи ҷанубии Дониш-‎гоҳи Минессотаро ба ӯҳда дошт. Байни солҳои 1987 ва 2005 чандин бор ба раёсати ‎бахши мутолиоти Русия ва Осиёи Миёнаи Донишгоҳи Минессота расид. Вай акнун ‎раиси Институти забоншиносӣ, забони инглисӣ барои хориҷиён ва мутолиоти Русия ва ‎Осиёи Миёнаи Донишгоҳи Минессота мебошад. Вай ҳамчунин, дар кумитаҳои ‎Донишгоҳ, махсусан, дар умури марбут ба барномарезӣ фаъолияти бисёр аз худ нишон ‎дода. Дар соли 2005 вай ҳам раёсати ҳайати қонунгузории донишкадаи улум ва ‎адабиёт ва ҳам раҳбарии ҳайати уманои он донишкадаро ба ӯҳда дошт.‎ Байни солҳои 2005 ва 2007 раиси Пажӯҳишгоҳи забоншиносӣ, инглисӣ барои ‎хориҷиён ва забону адабиёти рус буд. Дар ҳоли ҳозир машғули таҳқиқот дар бораи ‎Мулло Садрои Шерозӣ (файласуфи қарни 16) мебошад.‎


Феҳристи кӯтоҳе аз осори чопшудаи доктор Баширӣ:‎ Аз сурудҳои Зардушт то нағамоти Борбад, АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2003 ‎ ‎«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ баъд аз ҳазор сол, АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1994‎ Сомониён ва эҳёи тамаддуни Эрони бостон, АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1997‎ Асри Камоли Хуҷандӣ ва аҳамияти он дар таърихи Осиёи Миёна, Теҳрон, 1996‎ Таҷзия ва таҳлили «турки Шерозӣ»-и Ҳофиз, 1979, Ҷаҳони Ислом‎ Таҷзия ва таҳлили «мазраи сабзи фалак»-и Ҳофиз, 1979, Мутолиоти исломӣ‎ Тӯморҳои наврӯзӣ (ба забонҳои форсӣ, инглисӣ, тоҷикӣ ва русӣ), 2004, Бунёди ‎фарҳангии Борбад Дар наҳви забони форсӣ, 2001, Интишороти Бирҷес, Минеаполис Ашхоси барҷастаи Тоҷикистон дар қарни бистум, 2002, Бунёди фарҳанги Борбад‎ Гоҳномаи рӯйдодҳои муҳимми таърихӣ дар Тоҷикистон, 1900-2000, 2006, ‎Интишороти Нимо, Олмон.‎ Таъсири Миср дар тамаддуни Эрони бостон. АУ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2007.‎ Исфаҳони Мулло Садро: ёддоштҳои муқа-ддамотӣ дар бораи гироиши эрониён ба ‎мазҳаби шиа // Фарҳанг ва ҳунари Исфаҳон дар садаҳои 16 ва 17. Бунёди ‎фарҳангии Борбад, 2007.‎

Дар интернет:‎ ‎«Бухоро»-и Садриддин Айнӣ, 1993‎ Ҷанбаҳои ҳунарии эҷодиёти Чингиз Айтматов, 2003‎ Гоҳномаи рӯйдодҳои муҳимми таърихии Афғонистон, Осиёи Миёна ва Эрон аз ‎ибтидо то соли ду ҳазор, 2001‎

Тарҷумаҳо:‎ Аз инглисӣ ба форсӣ: «Сарнавишти як инсон» – асари Михаил Шолохов, 1964, чопи ‎‎«Зиндагӣ»‎ Аз форсӣ ба инглисӣ: «Буфи кӯр» – асари Содиқ Ҳидоят, 1984‎ Аз тоҷикӣ ба инглисӣ: «Табартақсим» – навиштаи Раҳим Масов, 1996‎

Вироиш ва тафсир:‎ ‎«Тӯпи марворид» – асари Содиқ Ҳидоят, 1986, Интишороти «Маздо»‎ Тоҷикистон дар қарни бистум (ба забони тоҷикӣ), 2002, Постскриптум ‎имприматор, Прага Тоҷикистон дар қарни бистум (ба забони форсӣ), 2006, Интишороти Нимо, Олмон ‎

Корҳои дигар:‎ Устод Баширӣ шарҳи ҳоли бисёре аз нави-сандагон ва шуарои Эрон, Тоҷикистон ва ‎Қирғиз-истонро бо тарҷумаи намунаҳои эҷодиёташон дар ихтиёри ҷаҳониён қарор ‎додаст. Вай махсусан, маҳорати бемонанде дар тарҷумаи ашъори форсӣ ба шеъри ‎инглисӣ дорад, ки намунаҳои онро метавон дар тарҷумаи «Уқоб» – асари Парвиз ‎Нотили Хонларӣ, «Кӯча» – асари Фаридуни Муширӣ ва «Дарахт» – асари Сайидалии ‎Гарморӯдӣ мушоҳида кард. Тарҷумаи вай аз бахши оғозини муқаддимаи «Гулистон»-и ‎Саъдӣ бисёр дақиқ, расо ва дилнишин мебошад.


Феҳристи эҷодиёт[вироиш]

Китобҳо:‎

Манобеъ[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]