Ислом дар Тоҷикистон
Ислом дар Тоҷикистон 95% аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансуби дини мубини Исломанд ва 80% суннӣ мазҳабу 15% шия мазҳаб мебошанд. Дар вилояти Бадахшон аксари аҳолӣ шия мазҳабанд ва дар дигар вилоятҳо мазҳаби суннӣ, асосан равияи Имом Аъзам(Абу Ҳанифа) бартарӣ дорад. Ислом дар Тоҷикзамин аз лашкаркашиҳои сарлашкари араб - Қутайба ибни Муслим ривоҷ ёфта, зуд ҷои оташпарастиро гирифтааст. Пас аз ба даст гирифтани истиқлолият дар Тоҷикистон бисёр мадрасаҳо ва масҷидҳо сохта шуданд. Инчунин дар Тоҷикистон ҳизби Исломии "Наҳзати Ислом" фаъолият мекунад. Маркази Исломии Тоҷикистон дар назди масҷиди Имом Тирмизӣ воқеъ барои бо роҳи рост рафтани мардум амалҳои зиёдро анҷом мекунад. Боиси хурсандист, ки пешравии Ислом аз тарафи Президенти ҷумҳурӣ - Эмомалии Раҳмон дастгирӣ ёфтааст. Бо фармони ӯ Қуръони Карим ба забони тоҷикӣ тарҷума карда шуда дастраси халқ гардидааст. Сол то сол шумораи шахсоне, ки хонаи Каъбаро зиёрат мекунанд, яъне Ҳаҷ мераванд зиёд мешавад.
|
|