Исо Абдурашидов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Исо Абдурашидов
Таърихи таваллуд: 15 март 1947(1947-03-15)
Зодгоҳ: ноҳияи Москва, вилояти Кӯлоб
Таърихи даргузашт 15 декабр 2018(2018-12-15) (71 сол)
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: ҳунарпешаи театр ва синамо
IMDb: ID 0008319

Исо Абдурашидов (15 марти 1947, ноҳияи Москва, вилояти Кӯлоб — 15 декабри 2018) — актёри театр ва кинои тоҷик, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1999).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи факултети санъати Институти давлатии педагогии Душанбе (1972). Актёр (1972 — 89) ва директори (1989—2008) Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ. Аз соли 2008 ҳунарпешаи ҳамин театр ва ҳамзамон муаллими калони ДДСТ ба номи М. Турсунзода.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Театр[вироиш | вироиши манбаъ]

Исо Абдурашидов дар саҳнаи театр ва кино зиёда аз 50 рол офаридааст. Ёдгор («Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ), Ҷунайд ва Саҳл ибни Мансур («Рӯдакӣ»-и Ғ. Абдулло), Қиёмиддин мударрис («Алломаи Адҳам»-и С. Улуғзода), Шпигелберг («Роҳзанҳо»-и Ф. Шиллер), Эдмунд («Шоҳ Лир»-и У. Шекспир), майор Собиров («Нахҳои печида»-и М. Холов), Муборакхон («Фарёди ишқ»-и Ғ. Абдулло), домулло («Чорсӯ»-и Н. Табаров), Сталин («Драмаи миллат» ва «Ориёиро ёбед»-и СОЛИ Аюбӣ), гунг («Афсонаҳои мӯйсафед»-и Н. Абдуллоев), Рустам («Зуҳури навини Суҳроб»-и Ф. Умаров), Исмоили Сомонӣ (намоиши оммавии театрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ба муносибати 5-солагии истиқлоли Тоҷикистон) ва ғайра намунае аз ролҳои офаридаи Абдурашидов дар саҳнаи театр мебошанд.

Синамо[вироиш | вироиши манбаъ]

Исо Абдурашидов дар филми «Воқеа дар фурудгоҳ», 1987

Исо Абдурашидов дар кинои тоҷик низ ролҳои ҷолиб офаридааст:

  • Азизбек («Воқеа дар аэропорт», реж. Ю. Юсупов),
  • лейтенанти калон («Қапқон барои шағолҳо», режиссёр Маҳмудов),
  • Саид оҳангар («Дарди ишқ»-и режиссёр АСРИ Тӯраев),
  • Абдураҳмонов («Маънии ҳаёт», «Ӯзбекфилм») ва ғайра.

Ба шаҳри Москва (1997), ҶИЭ (1999), шаҳри Бишкек (2004, 2005), Осетияи Шимолӣ (2001) сафарҳои ҳунарӣ кардааст. Узви Иттифоқи арбобони театри Тоҷикистон.

Даргузашт[вироиш | вироиши манбаъ]

Исо Абдурашидов шоми 15 декабр 2018 бар асари беморӣ дар синни 71 солагӣ аз олам даргузашт.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. "Сталини тоҷик". Ҳунарпешаи шинохта Исо Абдурашидов даргузашт(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 16 Декабри 2018 санҷида шуд.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]