Иқтисоди ҷаҳонӣ

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Харитаи рушди иқтисодӣ соли 2009

Иқтисоди ҷаҳонӣ (порсӣ: اقتصاد جهانی) Мафҳумҳои «иқтисодиёти ҷаҳонӣ», «хоҷагии ҷаҳонӣ», «хоҷагии умумиҷаҳонӣ» мафҳумҳои ҳаммаъно мебошанд. Иқтисодчиёни гуногун ин мафҳумро бо ду маъно шарҳ медиҳанд: бо маънои мушаххас ва маънои васеъ. Бо маънои васеъ иқтисодиёти ҷаҳонӣ ин маҷмўи хоҷагиҳои ба ҳам вобаста ва ба ҳам алоқаманди давлатҳои ҷаҳон мебошад, ки аз рўи қонуниятҳои объективии иқтисодиёти бозорӣ тараққӣ мекунанд. Бо маънои мушаххас иқтисодиёти ҷаҳонӣ ин маҷмўи соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёти миллии давлатҳои ҷаҳон, ки дар муносибатҳои иқтисодии байни давлатҳо иштирок менамоянд, мебошад. Предмети омўзиши фанни иқтисодиёти ҷаҳонӣ аз як тараф иқтисодиёти давлатҳои тараққикарда, рў ба тараққӣ ва дар давраи гузариш буда, аз тарафи дигар бошад муносибатҳои тарафайни иқтисодии байни ин давлатҳо ба амалоянда мебошад.

Иқтисодиёти ҷаҳонро иқтисодчиён ҳамчун система тавсиф медиҳанд, зеро ягон давлати ҷаҳон дар алоҳидагӣ мавҷуд буда наметавонад ва ба воситаи муносибатҳои иқтисодии тарафайни хориҷӣ тамоми талаботи худро дар молу хизматҳои зарурӣ қонеъ мегардонад. Ҳамин тариқ, давлатҳо дар иқтисодиёти ҷаҳон ба воситаи ҳаракати байналхалқии омилҳои истеҳсолот ба ҳамдигар алоқаманд гардида дар ин асос шаклҳои зерини муносибатҳои байналхалқии иқтисодӣ ба вучуд меоянд:

  • тичорати байналхалқии мол ва хизмат;
  • ҳаракати байналхалқии сармоя;
  • ҳаракати байналхалқии қувваи корӣ;
  • мубодилаи байналхалқии технология;
  • муносибатҳои ҳисобию асъорӣ.

Заминаҳои асосии пайдоиш ва ташаккули иқтисодиёти ҷаҳон инҳоянд:

  1. Тақсимоти байналхалқии меҳнат, ки асоси моддии иқтисодиёти ҷаҳонро ташкил медихад.
  2. Байналмиллалигардонии ҳаёти хочагидорӣ бо роҳи истифодаи шаклҳои васеи МИБ.

Хусусиятҳои асосии хоҷагии ҷаҳони муосир инхоянд:

  • инкишофи ҳаракати байналхалқии омилхои истеҳсолот, пеш аз ҳама дар шакли содирот-воридоти сармоя, қувваи корӣ, технология;
  • дар асоси ин рушди шаклҳои байналхалқии истеҳсолот дар корхонаҳое, кидар якчанд мамлакатҳо чойгиранд, пеш аз хама дар ҳудуди корпоратсияҳои фаромиллалӣ;
  • сиёсати иқтисодии давлатҳо, ки дастгирии ҳаракати байналхалқии молҳо ва омилҳои истеҳсолотро дар асоси муносибатҳои дутарафа ва бисёртарафа пешбинӣ мекунад;
  • бавуҷудоии иқтисодиёти типи кушода дар чаҳорчубаи давлатҳо ва иттиходияҳои байнидавлатӣ.

Таърихи ташаккулёбӣ ва мархилаҳои тараққиёти иқтисодиёти ҷаҳонӣ[вироиш]

Мувофиқи ақидаҳои мутахассисон ташаккулёбии иқтисодиёти ҷаҳонӣ ҳанўз ҳазоросолаҳо пеш аз мубодилаи байни давлатҳои қадимтарин – Мисру Рим, Кавказу Руси Кадим бо натиҷаҳои меҳнати онҳо оғоз ёфтааст. Ҳанўз дар давраҳои қадим қабилаҳои ин давлатҳо бо маҳсулоти мисин ва чубу тахтагини худ мубодила мекарданд. Ҳамин тариқ, тадқиқотчиён дар натиҷаи кофтуковҳои археологӣ аз Уралу Кавказ маҳсулоти мисини мисрӣ ва аз Мисру Рим маҳсулоти давлатҳои Русу Кавказро дарёфт намуданд. Маконе, ки аваллин бор давлатҳои қадим бо якдигар тиҷоратро оғоз намуданд, минтақаи Баҳри Миёназамин мебошад. Мамлакатҳои соҳили он маҳз ба воситаи ин баҳр бо якдигар тиҷорат мекарданд. Бинобар ин олимон минтақаи баҳри Миёназаминро ядрои хоҷагии ҷаҳонӣ меноманд. Мунтазам ба ин минтақа давлатҳои минтақаҳои хамсоя хамрох мешуданд: аввал Осиёи Ҷанубӣ, баъд Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Сибиру Урал, Америкаи Шимолӣ, баъд Америкаи Ҷанубӣ ва Австралия ва оқибат минтакаҳои дурдасти Африкаи тропикӣ. Ба ташаккулёбии хоҷагии ҷаҳонӣ васеъ гардидани муносибатҳои тиҷоратии давлатҳо ва экспидитсияҳои бузурги географӣ бо сардории Магелану Ҷеймс Кук, Колумбу Васко да Гамма муоидат намуданд, ки дар натиҷаи онҳо давлатҳои дунё боз ҳам бештар оиди дигар давлатҳои ҷаҳон маълумот пайдо намуда бо онҳо муносибатҳои берунитиҷоратиро ба роҳ мемонданд. Ба инкишофи иқтисодиёти ҷаҳонӣ, инчунин инқилоби илмӣ-техникӣ, ба вучуд омадани воситаҳои муосири нақлиёту алоқа ва муносибатҳои нави молиявӣ суръат бахшиданд. Ҳамин тарик, то охири асри IX хоҷагии ҷаҳонӣ пурра ташаккул ёфт. Марҳилаҳои ташаккули иқтисодиёти ҷаҳонӣ инхоянд: Марҳилаи якум- асрҳои 15-17-ро дар бар мегирад, ки онро Марҳилаи ҳукмронии сармояи тиҷоратӣ меноманд. Хусусиятҳои ин марҳила чунинанд: -васеъшавии масоҳати тиҷорати байналхалқӣ; -зиёдгардии номгўи маҳсулоти тиҷоратӣ; -кушодашавии аввалин биржаҳои молӣ дар ҷаҳон; - аввалин бор болоравии нарх ва беқурбшавии пул. Марҳилаи дуюм-асрҳои 18-19-ро дар бар мегирад, ки Марҳилаи ҳукмронии сармояи саноатӣ мебошад. Хусусиятҳои ин марҳила чунинанд: -зиёдшавии истеҳсолоти саноатӣ дар ҷаҳон; -ба вучуд омадани аввалин бўҳронҳои иқтисодӣ дар ҷаҳон (соли 1825 аввалин бўҳрони ҷаҳонӣ); Марҳилаи сеюм асрҳои 20- 21-ро дар бар мегирад ва онро Марҳилаи ҳукмронии сармояи молиявӣ меноманд. Ин марҳила дорои хусусиятҳои зерин аст: -аҳамияти зиёд пайдо кардани содироти сармоя нисбат ба содироти мол, яъне кушодани корхонаҳо дар хориҷа; -ба роҳ мондани фаъолияти васеи ширкатҳои фаромиллалӣ- ширкатҳое, ки аз руи сармоя ба як мамлакат тааллуқ дошта аз рўи фаъолият байналхалқӣ мебошанд; - таъсисёбӣ ва фаъолияти ташкилотҳои байналхалқии иқтисодӣ.

Қонуниятҳои тараққиёти иқтисодиёти ҷаҳонӣ[вироиш]

Қонуниятҳои тараққиёти хоҷагии ҷаҳонӣ новобаста ба сохтори давлат ва сатҳи инкишофи он барои ҳамаи давлатҳои ҷаҳон умумӣ ва ягона мебошанд. Ба назар нагирифтани чунин қонуниятҳо давлатҳоро ба бўҳронҳои иқтисодӣ дучор менамояд. Умуман чунин қонуниятҳои тараққиёти хоҷагии ҷаҳонӣ амал мекунанд:

  • Афзудани характери кушоди иқтисодиёти давлатҳои алоҳида, яъне аз ҷиҳати робитаҳои иқтисодии хориҷӣ кушода шудани иқтисодиёти давлат. Иқтисодиёти кушод гуфта чунин хочагии миллиеро мефаҳманд, ки барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидори хориҷӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти худ роҳ кушода робитаҳои иқтисодии хориҷиро бо дигар давлатҳои ҷаҳон васеъ ба роҳ мемонад. Дар чунин хоҷагӣ таносуби гардиши тиҷорати беруна ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ба даромади миллӣ омили асосии рушди иқтисодӣ баромад мекунад. Иқтисодиёти кушод чунин нишондиҳандаҳоро дорад:

Квотаи содиротӣ: Квотаи воридотӣ: Квотаи берунитиҷоратӣ:

  • Байналмиллалишавии тараққиёти илму техника.Тараққиёти ҳар як давлат аз истифодаи васеи комёбиҳои илмӣ- техникӣ вобаста мебошад. Бинобар ин давлатҳо шаклҳои гуногуни мубодилаи технологиро ба таври васеъ истифода мебаранд: ташкил ва иштирок дар конференсияҳо, семинар ва симпозиумҳои байналхалқӣ ва мубодилаи ахборот ва китобу маҷаллаҳои технологӣ дар онҳо; воридоти мошинаю таҷҳизот; ҳиҷрати қувваи кории баландихтисос; тиҷорати ихтироот, патентҳо ва литсензияҳо; бастани созишномаҳои байнидавлатӣ оид ба ҳамкории тадқиқотию технологӣ.
  • Таъсири самараи нишондиҳандагӣ (демонстрационный эффект), яъне аз тарафи давлатҳо истифода намудани бартариҳои моделҳои муайяни истеҳсолот , истеъмолот, идоракунии иқтисодӣ ва танзим.

Нишонидаҳандаҳои асосии ташаккул ва тараққиёти иқтисодиёти ҷаҳонӣ. Системаи счетҳои миллӣ ва байналхалқӣ[вироиш]

Робитаҳои асосии байни соҳаҳои фаъолияти иқтисодиро ба воситаи системаи счётҳои миллӣ, ки аз тарафи ташкилотҳои байналхалқӣ кор карда баромада шудааст ифода менамоянд. Системаи счётҳои миллӣ ин маҷмўи қоидаҳои қабулшудаи байналхалқии баҳисобгирии фаъолияти иқтисодӣ, ки ҳамаи робитаҳои макроиқтисодии асосиро, аз ҷумла таъсири тарафайни иқтисодиёти миллӣ ва иқтисодиёти ҷаҳониро дар маҷмўъ таҷассум менамояд, мебошад. ССМ барои ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон новобаста аз сатҳи тараққиёти иқтисодӣ-иҷтимоии ягона буда ҳангоми таҳлили вазъияти иқтисодӣ ва коркарди барномаи инкишофи иқтисодӣ ниҳоят муҳим мебошад. Нишондиҳандаҳои ССМ вазъият ва сатҳи тараққиёти иқтисодии хоҷагии миллиро инъикос менамоянд, ки ин имконияти муқоиса намудани мамлакатҳоро дар хоҷагии ҷаҳонӣ фарохам меорад. Нишондиҳандаҳои асосии ССМ ин МММ, ММД, ДМ ва ғайра мебошанд. ММД ин арзиши ниҳоии тамоми маҳсулот ва хизмате, ки дар ҳудуди иқтисодиёти миллӣ дар давоми вақти муайян истеҳсол шудааст мебошад. МММ ин арзиши ниҳоии тамоми молу хадамот, ки аз тарафи шаҳрвандони мамлакат новобаста аз макони ҷойгиршавии онҳо дар давоми вақти муайян истеҳсол шудааст, мебошад. Дигар нишондиҳандаи муҳими ССМ даромади миллӣ мебошад. ДМ ин суммаи даромадҳои ибтидоии резидентҳои мамлакат, яъне музди меҳнат, фоида, даромад аз моликият, андоз ба истеҳсолот ва воридот мебошанд. Барои муқоисаҳои байни мамлакатҳо нишондиҳандаи хос – даромад ба сари аҳолӣ, ки бо доллар ҳисоб карда мешавад, ниҳоят қулай мебошад. Аз рўи ин нишондиҳанда мавқеи пешбарандаро мамлакатҳои тараққикардаи иқтисодӣ ишғол мекунанд. Мисол, даромади солона ба сари аҳолӣ соли 1995 дар мамлакатҳои зерин чунин буд (бо долл): Швейтсария 40630 Мозамбик 80 Япония 39640 Эфиопия 100 Норвегия 31250 Танзания 120. Дар Россия ин нишондиҳанда соли 1995 2240 долл. буд.

Гурўҳбандии мамлакатҳо аз рўи нишондиҳандаҳои иқтисодӣ[вироиш]

Гуногунии мачмўи нишондиҳандаҳои тараққиёти иқтисодии мамлакатҳои ҷаҳон имконияти баҳо додани сатҳи тараққиёти иқтисодии онҳоро аз якчанд нуқтаи назар фароҳам меорад. Барои ин якчанд нишондиҳандаҳои асосиро истифода мебаранд, ба монанди:

  • МММ-и мутлақ ва нисбӣ (ММД),
  • ДМ ва даромад ба сар аҳолӣ,
  • сохтори соҳавии иқтисодиёти миллӣ,
  • сохтори содирот ва воридоти мамлакат,
  • сатҳ ва сифати зиндагии аҳолӣ ва ғайра

Якчанд тарзи муайян намудани мавқеи мамлакатҳо дар хоҷагии ҷаҳонӣ вуҷуд дорад. Яке аз тарзҳои оддӣ- ҷудо намудани мамлакатҳо ба гурўҳҳо аз рўи сатҳи даромад ба сари аҳолӣ мебошад. Ин тарз аз тарафи СММ, МВФ, МБРР истифода бурда шуда нишондиҳандаи даромад ба сари аҳолӣ ҳар сол ҳисоб карда мешавад. Масалан, МБРР аз рўи даромад ба сар аҳолӣ се гурўҳи мамлакатҳоро ҷудо мекунад:

  • мамлакатҳо бо даромади паст ба сари аҳолӣ – аз 9386 долл зиёд ( 26 мамлакат),
  • мамлакатхо бо даромади миёна ба сари аҳолӣ - аз 766 долл. то 9385 ( 58 мамлакат),
  • мамлакатҳо бо даромади паст ба сари аҳолӣ – на зиёда аз 765 долл (49 мамлакат).

Аз рўи дараҷаи тараққиёти иқтисодӣ, ки дараҷаи тараққиёти соҳаи саноат, ҳаҷми умумии истеҳсолот, ҳиссаи маҳсулоти саноатӣ дар содироти умумӣ ва ҳаҷми ММД ба сари аҳолиро нишон медиҳад, мамлакатҳоро ба се гурўҳ ҷудо мекунанд: Мамлакатҳои тараққикардаи саноатӣ, ки 25- то буда 1,2 млрд. аҳолӣ (23% аҳолии ҷаҳон) доранд ва 70%-и ММД-и ҷаҳонӣ ва 70-75% истеҳсолоти ҷаҳонии саноатиро ташкил медиханд. ММД ба сари аҳолӣ дар ин гурўҳи мамлакатҳо аз 10 то 25 ҳаз. долларро ташкил дода ба онҳо қариб 70%-и гардиши берунитиҷоратии ҷаҳонӣ рост меояд. Мамлакатҳои рў ба тараққӣ, ки 120-то буда қисми зиёди мамлакатҳои Осиё, Африка ва Америкаи Лотиниро дар бар мегиранд. Ба ин гурўҳи мамлакатҳо 40%-и ММД-и ҷаҳонӣ ва 26%-и содироти ҷаҳонӣ рост меояд. Онҳо бо сатҳи миёна ва пасти даромад фарқ мекунанд Мамлакатҳои нави саноатӣ, ки баъди солҳои 60-уми асри 20 дар арсаи ҷаҳонӣ бо суръати баланди рушди иқтисодӣ, ҳаҷми рузафзуни содирот, ҳиссаи баланди истеҳсолоти саноати худро намоён карданд. Ба ин мамлакатҳо пеш аз ҳама мамлакатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, Осиёи Шарқӣ ва Америкаи Лотинӣ ба монанди, Гонконг, Сингапур, Малайзия, Турсия, Ҳиндустон, Бразилия, Аргентина ва дигарҳо дохил мешаванд. Дигар нишондиҳанда ин сохти иқтисодӣ-иҷтимоии давлат мебошад, ки мувофиқи он давлатҳоро ба чунин гурўҳҳо ҷудо менамоянд:

  • давлатҳои сохти иқтисоди бозорӣ
  • давлатҳои иқтисодиёташон дар давраи гузариш, ки мамлакатҳои Аврупои Шарқӣ ва собиқ мамлакатҳои ИЧШС-ро дар бар мегирад. Ҳиссаи ин мамлакатҳо дар истеҳсолоти ҷаҳонии саноатӣ аз ибтидои солхои 90-ум зиёда аз 10%-ро ташкил медихад.
  • давлатҳои сотсиалистӣ (Куба, Ветнам, Кореяи Шимолӣ)

Манбаъ[вироиш]